МегаФон суръати дастрасии мобилиро дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон вусъат мебахшад

Дар семоҳаи якуми соли 2023 дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” наздики 50 пойгоҳи нави базавӣ (ПБ) насб карда шуданд. Дар ҳамаи онҳо стандарти босуръати алоқа — 4G/LTE фаъол мебошад. Дар 20 пойгоҳи дигари базавӣ модернизатсияи таҷҳизот гузаронида шудааст. Болоравии суръати интернети мобилӣ аз натиҷаҳои босамари рушди техникӣ мебошад. Дар ноҳияҳои гуногун он аз 2 то 10 маротиба зиёд шудааст.

Баландбардории сифат ва дастрасии интернети мобилӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҳадафи стратегие мебошад, ки дар назди мутахассисони алоқа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Бо иҷрои супориши сарвари давлат “МегаФон Тоҷикистон” бунёду модернизатсияи инфрасохтори техникиро дар тамоми ҳудуди кишвар амалӣ месозад.

Қисми асосии пойгоҳҳои нави базавӣ дар семоҳаи якум ба шаҳри Душанбе рост омад — ин ҷой оператори имкониятҳои нави рақамӣ зиёда аз 30 ПБ-и насли чорумро насб намуд. Дар пойтахт, инчунин дар ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Турсунзода дастгоҳҳои таҳвилии як қатор пойгоҳҳои базавӣ иваз карда шуданд. Ин чора имкон дод, ки зарфияти шабака васеъ карда шуда, қисми таҷҳизоте, ки дар он қаблан технологияи 4G фаъол набуд, вусъат бахшида шавад. Дар он ҳудудҳои шаҳри Душанбе ва НТМ, ки дар онҳо корҳои техникӣ гузаронида шуданд, суръати интернет 2 маротиба боло рафт.  

Дар вилояти Хатлон шабакаҳои таҳвили маълумот асосан дар ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Н. Хусрав, Ҷайҳун, Ёвон ва Хуросон васеъ карда мешуданд. Дар навбати аввал, муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” диққати махсусро ба он ПБ, ки сарбории онҳо бинобар зиёдшавии фаъолнокии истифодабарандагони интернет баландтар шуда буд, равона сохтанд. Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи якум суръати миёнаи интернет, ки дар ин ноҳияҳо ба ҳар як муштарӣ дастрас аст, аз 1 Мбит/с то 10 Мбит/с афзоиш ёфтааст.

Дар ВМКБ пойгоҳҳои базавӣ бо дастгирии стандарти 4G махсусан барои кормандоне, ки роҳи автомобилии Дарвоз — Рӯшонро бунёд менамоянд, гузошта шудааст. Бошишгоҳи сохтмончиён дар макони беодами куҳӣ ҷойгир аст, лекин акнун ба шарофати МегаФон имкон мешавад, ки он ҷой алоқаи боэътимод, интернети 4G ва хизматрасониҳои рақамии дар заминаи онҳо пешниҳодшаванда истифода бурда мешаванд.

Дар вилояти Суғд омодагӣ ба бунёди бомиқёс, ки оғози он дар семоҳаи дуюми соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, анҷом дода шуд. Ҷойҳо барои майдонҳои нави ПБ-и насли чорум дар шаҳрҳои Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, ноҳияҳои Б. Ғафуров, Айнӣ, Ҷ. Расулов, Ғончӣ ва Мастчоҳ муайян карда шуданд.

“Мо шабакаро инкишоф дода, хизматрасониҳои муосири рақамиро ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон муқвофиқи мақсадҳои гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас мегардонем. Замоне МегаФон аввалин шуда ба азхудкунии навоҳии дурдаст ва нуқтаҳои хурди аҳолинишин оғоз карда буд. Мо чунин сиёсати корро ба манфиати шаҳрвандон ва рақамикунонии иқтисоди кишвар идома медиҳем”,- изҳор дошт директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил АГЛЯМОВ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *