Милиса бо мардум наздиктар мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мақомоти милисаро имзо кард. 

Тибқи тағйироти нав ба қонун, ки охири июл қабул шуд, сардорони милиса дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон таъин мешаванд: “Таъин ва барканории сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД дар вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ аз сӯи вазири корҳои дохилӣ дар мувофиқа бо Президент амалӣ мешавад”.

Инчунин муқаррар шудааст, ки милиса масъулияти ба дӯшаш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони ғайриштатӣ ва шаҳрвандон амалӣ мекунад.

Таъкиди ҳамкорӣ бо шаҳрвандон дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз маъмурини милиса хост, бо мардум наздиктар бошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *