Милитсия ду ноболиғро дастгир кард
Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ин дар ҳолест ки ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Абдувосиеви шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 14:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, манбаъ аз боздошти ноболиғи 17-солаи сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ хабар дод.
Номбурда, шаби 28 ба 29-уми августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар шаҳраки Шайдон, ки ба марди 37-солаи сокини шаҳраки мазкур тааллуқ дорад, 1-адад муҳаррики таҷҳизоти шустушӯи воситаҳои нақлиётиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ