“Неши ақраб на аз баҳри кин аст…”, ё чанд сухан перомуни зиндагиномаи “Қассоби Кобул”

Изҳороти ахири Гулбиддини Ҳикматёр, ки бо алқоби мухталифе дар ҷомеаи Афғонистон шуҳрат дорад ва машҳуртарини онҳо “қассоби Кобул” ва “Рокетёр” аст, ки рӯзномаҳои машҳури Ғарб ба ӯ додаанд, як бори дигар уқдамандӣ, гирифтори манҷалоби таассуб будани ин шахсиятро ошкор намуд.

Ин лақабҳоро Ҳикматёр барои он касб намудааст, ки соли 1992 баъди ташкили Давлати Исломии Афғонистон ҳазорон ракетаро бар сари сокинони Кобул рехт ва шаҳрро ба харобазор табдил намуда, даҳҳо ҳазор нафаррро ба қатл расонид. Шоири овозадори забони адабиёти муштараки мо Қаҳҳори Осӣ ва даҳҳо мисли ӯ, аз ҷумлаи касонеанд, ки бар асари раектаҳои Ҳикматёр дар Кобул кушта шуданд. Гарчанде  бояд гуфт, ки назарҳои ин шахсият набояд ҷиддӣ гирифта шавад, чун намакношиносӣ, туҳмат задан ва таассубу бадбинӣ ҷузъи фарҳанги зотии ӯ маҳсуб мешавад. Муруре ба зиндагиномаи ин шахсият даъвои мазкурро баръало ва барҷаста мекунад. Касоне, ки таҳаввулоти Афғонистонро зарфи 30 соли охир думбол мекунанд ва табиист, ки ҳар инсони дорои виҷдони бедор дар минтақаи мо ба ин таҳаввулот бетаваҷҷуҳ нест, медоданд, ки Ҳикматёр яке аз омилони фоҷеаи минтақаи мо маҳсуб мешавад ва туҳмат задан ба шахсиятҳо ба шеваи зиндагии ӯ табдил шудааст. Ӯ замоне далели нокомӣ ва бадбахтии  худро дар вуҷуди Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон медид. Акнун барои тавҷеҳи нокомии худ бояд шахсияти дигареро ҳадаф қарор диҳад. Ин шеваи зиндагии ӯст. Ӯ се сол ба муқобили ҳукумати Устод Раббонӣ ҷангид, пояҳои ин ҳукуматро хароб кард. Аммо вақте толибон ба саҳна омаданду минтақаҳои ӯро тасарруф намуданд, Ҳикматёр хост бо Мулло Умар байъат кунад. Аммо Мулло Умар, ки аз тинату замири Ҳикматёр огоҳ буд,  ин пешниҳодро рад намуд. Он гоҳ Ҳикматёр ба назди Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд паноҳ овард. Ин ду нафар бо пешонии боз ӯро бо вуҷуди “қассоби Кобул” буданаш пешвоз гирифта, сарвазир таъйин намуданд. (Агарчанд бояд ин корро намекарданд). Вақте Толибон Кобулро гирифтанд, ӯ аз Ҷаббалуссироҷ тавассути чархболҳои А.Масъуд ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, аз он ҷо ба Теҳрон фиристода шуд. Аммо баробари расидан ба Эрон эълон кард, ки А.Масъуд мехост ўро террор кунад. А.Масъуд ҳаргиз ба ин туҳмати ӯ посухе надод. Вале ҳама медонад, ки барои А.Масъуд аз миён бурдани Ҳикматёр кори осоне буд, вале ин корро накард.

Ин оқо панҷ сол нони Эронро хурд ва баъди ҳамлаи ИМА ба мавзеъҳои Толибон дар Афғонистон аз Эрон ихроҷ шуда, эълон намуд, ки ман дар Эрон бандии сиёсӣ будам, на паноҳанда. Ва ҳар калимаи баде, ки медонист дар ҳаққи Эрону эрониҳо баён дошт.

Ҳамин тавр, роҳбарияти Тоҷикистон, пеш аз ҳамаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун мақоми воломақоми кишвари ҳамсоя дар соли 1997 ӯро ба Тоҷикистон иҷозаи ворид шудан дод, вагарна асири Толибон ва ҳамтақдири Абдуалии Мазорӣ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии шиаёни Афғонистон  мешуд. Гузашта аз ин, заминаи рафтани ӯ ба кишвари севумро фароҳам кард. Аммо имрӯз, ки баъди чил соли қатлу куштор ба минбари як масҷид расидааст, ба ҷои сипосу шукргузорӣ аз касоне, ки дар рӯзҳои сахт дастгири худ ва мардумаш буданд, носипосӣ ва курнамакӣ мекунад. Саъдии бузургвор дуруст гуфтааст, ки “неши ақраб на аз баҳри кин аст, муқтазои табиаташ ин аст”.

Тавре гуфта шуд, аксари бошандагони Кобул, ки бар масҷиди марказии он Ҳикматёр такя зада амри маъруф гўш мекунад, аз ӯ хотираи хубе ба ёдгор надоранд ва ҳамлаҳои рокетии ӯро ба ин шаҳр далели хонавайронӣ ва оворагии сокинони Кобул медонанд. Зоҳири Танин, сардабири маҷаллаи «Инқилоби савр», дар замони режими Муҳаммад Наҷибулло ва Намояндаи доимии Афғонистон дар СММ дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай (2001-2014) дар китоби худ таҳти номи «Афғонистон дар қарни ХХ», менависад: “Ҳикматёр аз 19 августи соли 1992 ба ракетборони Кобул оғоз кард, ки ба шиддат бештар аз як моҳ идома дошт ва дар натиҷаи он 65 000 (шасту панҷ ҳазор нафар) кушта ва ҳудуди 500 000 нафар ин шаҳрро тарк карданд”.

Ҳамчунин дар охири соли 1993 Гулбиддин Ҳикматёр бо дигар ҳаммаслаконаш Шӯрои ҳамоҳангии инқилоби исломиро таъсис намуданд ва рӯзи 1 январи соли 1994  аз замину ҳаво Кобулро мавриди ҳамла қарор доданд. Ҳикматёр аз самти ҷанубу шарқ Кобулро ракетаборон мекард, ки дар натиҷа то моҳи июни соли 1994 20 ҳазор нафар дар асари ин ҳамлаҳо кушта ва 200 000 бехонумон шуданд.

Аммо Кобул аввалин ва танҳо шаҳре набуд, ки Ҳикматёр орзуи тасарруфи онро карда бошад, вале ин орзуяш ҳаргиз амалӣ нашуд, балки боиси хунрезӣ ва қатли мардум гашту халос. Ӯ қабл аз Кобул, ҳанӯз дар замони ҳукумати доктор Наҷибулло шаҳри Ҷалолободро хост тасарруф кунад ва шаш моҳ ин шаҳрро дар муҳосира нигоҳ дошт ва пайваста мавриди ҳамла қарор дод, ки дар натиҷа ҳазорон нафар кушта ва даҳҳо ҳазор ҳам бехонаву ҷой ва муҳоҷир шуданд. Аммо бояд гуфт, ки нируҳои ҳукуматӣ бо фармондеҳии генерал Осифи Диловар тавонистанд шаш моҳ шаҳри муҳосирашударо ҳифз кунанд ва билохира ҳамлаи Ҳикматёрро дафъ намоянд.

Дар соли 1992, вақте ки муҷоҳиддин ба қудрат расиданд, Осифи Диловари боқимонда аз режими қаблӣ, ҳамчун мутахассиси умури низомӣ, аз сӯи Бурҳониддини Раббонӣ ба ҳайси муовини вазири дифоъ тайин шуд.

Як баҳонаи Ҳикматёр барои ҳамла ба Кобул ва напазируфтани ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ ҳузури ба гуфтаи ӯ «бақоёи ҳукумати коммунистии Наҷиб» ва хоса Дустум ва Осифи Диловар буд. Ӯ онҳоро ба таъбири худаш мулҳид ва хориҷ аз дин медонист. Ва ба баҳонаи ҳузури ин ду нафар дар Кобул ин шаҳрро ба хароба табдил намуд.

Аммо дере нагузашт, ки Ҳикматери ташнаи қудрат бо Дўстум муттаҳид шуд ва кўшиш намуд давлати Устод Раббониро сарнагун намояд.

Ҳикматёр барои расидан ба қудрати сиёсӣ, ки ҳаргиз ба ӯ муйяссар нашуд, ҳамеша аз хушунат ва террор кор гирифтааст. Фаромуз Оҳанг, дар мақолаи худ бо номи «Ҳикматёр ва хаёли ботили иқтидор» менависад, ки “Ҳикматёр ҳамеша дар муқобили мухолифони худ ва ҳамразмонаш, ки сари ихтилоф бо ӯ дар масъалаи кӯчаке доштанд, аз ҳарбаи куштор истифода кардааст”.

Ҳатто дар соли 2016 вақте ҳукумати Ашраф Ғанӣ мехост бо Ҳикматёр Созишномаи сулҳ имзо кунад, Сибғатулло Муҷаддадӣ, аввалин раҳбари Ҳукумати муҷоҳиддини Афғонистон дар соли 1992 ва баъдан раиси Сенати Афғонистон (2005-2014) дар баёнияе мухолифати худ бо тавофуқномаи ҳукумат бо Ҳикматёрро эълон кард. Муҷаддадӣ дар баёнияи худ гуфта буд: «Ҳикматёр агарчанд дар мубориза бо таҷовузи Шӯравӣ саҳм дорад, аммо дар тули ҷиҳод ва баъди он муртакиби ҷиноят ва хиёнатҳои зиёде шуд, ки боиси вайронии Афғонистон гаштааст».

Ҳикматёр дар солҳои 60—ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта аз фаъолони созмони  «Ҷавонони мусалмон»-и Афғонистон буд. Ин ҷунбиш дар ҳавои исломхоҳии сиёсии гурўҳҳои мусалмон дар Шарқи Миёна, хоса Ихвонулмуслимин ба вуҷуд омада буд. Ин созмон аз устодон ва донишҷӯёни исломгарои донишгоҳҳои Кобул иборат буд. Гулбиддин Ҳикматёр аз ҳамон солҳои донишҷўиаш  як ифротии тайёр буд. Маҳз ў дар Донишгоҳи Кобул ва Институти политехникии Кобул таҷрибаи ба рўи духтарони донишҷў пош додани тезоб (кислота)-ро барои надоштани ҳиҷоб оғоз кард.

 Дар ҳамин солҳои охири 60-ум ў ба ҷурми куштани донишҷўе бо номи Саидоли Сухандон, аз пайравони ҷараёни “Шуълаи ҷовид” ҳангоми тазоҳуроти донишҷўёни аҳзоби гуногун дар Кобул аз озодӣ маҳкум гашт ва баъд аз табадуллоти давлатии соли 1973 аз зиндон озод ва ба Покистон фирорӣ шуд.

“Ҷавонони мусулмон” дар соли 1973 ба Ҷамъияти исломии Афғонистон табдили ном кард. Ва Бурҳониддини Раббонӣ нахустин амири ин созмони исломгаро интихоб шуд. Чанд рӯз баъди он режими шоҳӣ дар Афғонистон тавассути Муҳаммад Довудхон сарнагун ва ин кишвар ба низоми идораи ҷумҳурӣ табдил шуд.

Бурҳониддини Раббонӣ ба аъзои Ҷамъият дастур дода буд, ки аз ихтилоф ва рӯёрӯ бо режими нав худдорӣ кунанд. Вале ҷавонони Ҷамъият хостори амалкардҳои радикалӣ буданд. Яке аз раҳбарони ин ҷавонон Гулбиддини Ҳикматёр буд, ки аз зиндон ўро М.Довуд озод карда буд.

Бо ҳидояти Ҳикматёр ин ҷавонони бетаҷриба дар чандин шаҳри Афғонистон қиём карданд, аммо ба зудӣ давлат онҳоро фуру нишонд ва садҳо нафар роҳии зиндон ва ё кушта шуданд.

Баъди оғози даргириҳои мусаллаҳона дар соли 1979 қатлу куштор анвои мухталифе пайдо намуд ва Ҳикматёр, ки дорои танку ракета буд, дигар барои куштани духтарону писарони рушанфикр ба чоқу ва тезоб ниёз надошт. Акнун бо калашников ва ракета инсонҳоро ҳадаф қарор медод.

Шинохташудатарин қатл тавассути Ҳикматёр, ки ҷаҳониёнро дар ҳолати шок қарор дод, қатли Мирвайси Ҷалил хабарнигори BBС дар шарқи Кобул дар соли 1994 буд. Ӯ дар рӯзи рӯшан дар маҳаллаи Чоросиёб, 25 километрии  Кобул баъди суолу ҷавоби сахт бо Ҳикматёр аз ҷониби афроди ӯ тирборон шуд.

Бояд гуфт, ки агарчи Ҳикматёр ҳоло талош дорад, ки худро ба истилоҳ “момаи меҳрубонтар аз модар”-и толибон нишон диҳад, аммо агарчанд Мулло Умар мурдааст, вале писари хунии ӯ Мулло Яъқуб зинда ва роҳбари дувуми ташкилоти Толибон аст ва фаромӯш накардааст, ки байъат бо ӯ аз ҷониби падараш рад шуда буд.

Ҳамин тавр, Ҳикматёр ҳамчун сиёсатмадори ноком ва шикастхӯрда ба  зуболадони таърих андохта хоҳад шуд ва сараҷном подоши 41 соли қатлу кушторе, ки анҷом дод, имохатибии масҷиди Кобул аст. Магар намешуд бидуни 41 сол куштор дар ин минбар қарор гирифт?    

Хайрулло  Раҷабалиев,

ходими илмии    Маркази мероси хаттии АМИТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *