Миллиардҳо Ӯзбекистон мераванд, хомӯшӣ дар Тоҷикистон (вокуниш)

Ҳафтаи гузашта  дар нашрияи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj  мавзӯи доғ —  рушди IT  — технология дар кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон то вазъи феълии он дар Тоҷикистонр ба риштаи таҳлил кашида шуд, ки вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Аммо то ҳол масъулини дахлдор вокунише накардаанд. Назари корбарон бо таҳрир ва мувофиқсозӣ бо меъёрҳои забони тоҷикӣ пешниҳод мегардад. Агар дар иртибот ба ин мавзӯъ пешниҳоде доред, нависед: [email protected] 

Шуҳрат Латифов:

-Ба назари банда барои рушди IT — технология монеагиҳои зер мавҷуданд:

1) Сифати паст ва нархи баланди Интернет;

2) Ҳавасманд набудани мақомотҳо, зеро рушди IT ва автоматизатсияи иқтисодиёт метавонад коррупсияро аз байн барад;

3) Бо мутахасисон таъмин набудани мактабҳои миёна ва ҳатто баъзан донишгоҳҳо. Вақте ки муаллими математика информатика дарс медиҳад. Ҳол он ки IT як илми ҷудогона ва мустақил шуда, ба равандҳои гуногун тақсим шудааст;

4) Мавҷуд набудани шароити техникӣ дар мактабҳо, гарчанде барномаи компютеркунонӣ ҷорӣ шуда бошад ҳам, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест, зеро компутерҳо фарсуда шудаанд ё  барқ нест…

Бобо Солеҳзода:

-Таҳлилу муқоисаи ҷолиб.Оё онро дар вазорати саноату технологияи нав мехонда бошанд?

Рустам Давлатамир:

-Интернет технологияву суръати интернет сусту заиф, бар заммин ин пардохти маблағи интернет хеле қиммат. Хизматрасонии меҳмонхонаву логистика, хизмати маишии кишвари моро хориҷиён барои худ мувофиқ намеҳисобанд.

Шодмонқул Сангинов:

-Боз як роҳи зудтар ҷалб намудани мутахассисони ин соҳаи муҳим барои омадан ба Точикистон — иҷозати вуруди онҳо ба кишварамон бо шиносномаи дохилиашон мебошад. Ба монанди Арманистон. Ин як пешниход аст.  Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ инро кабул мекунанд ё не, вобаста ба ман не. Барои инро дарк кардан дурандеш бояд буд. Чаро ақли арманӣ, қазоқ, ӯзбек ва кирғиз барои ҷалби ин мутахассисон мерасаду тоҷикро не?

Диловар Азимов:

Рӯйирост иқрор шудан даркор, ки дар соҳаи IT — технология Тоҷикистон кам мутахассис дорад. Сониян, барои пешравиаш шароит сохтан даркору дастгирии давлатӣ даркор аст.

Мақсуд Юсупов:

-Бо қимматии интернети суръаташ суст, ягон програмистҳои lT дар Тоҷикистон фаъолият карда наметавонанд.

Farik Farik:

-Айтишникҳо бо интернети сураъати баланд кор мекунанд. Интернети мо ранги самбақа меҷумбад. Бар замми ин, нархи интернети мо баланд аст. Онҳо пеш аз омадан, авал ҷойро интихоб мекунанд.

Носир Сатторов:

-Аввал шумо аз вазиру кормандони вазорат пурсед, ки IT-технолотияаш чист?

Сафар Алиев:

-Мо бо пешравии худ хоҳон нестем ку! Барои IT-никҳо шароит лозим, вале он дар мо муҳайё нест! Мо дар асри санг зиндагӣ дорем.

Шарифхон Тиллоев:

-Ҳамасола садҳо нафар ҷавонони  тоҷик мактабҳои олии хориҷиро хатм  карда истоданд, вале мутаассифона, онҳо дар ватани хеш ҷойи кор намеёбанд. Ҳоло аксари онҳо дар хориҷи кишвар бо муваффақият кору фаъолият доранд. Дар аксари сохторҳои Тоҷикистон бошад, мутахассисони ғайрикасбӣ ва то ҳол нафақахӯрони синну соли то 70- сола кор карда истоданд. Бо маоши 500-1500 аксари мутахассисони ҷавони точик дар ватани хеш низ хоҳиши кор карданро ҳам надоранд.  Бо  сабаби он ки  бо ин маоши кам зиндагии оиларо пеш бурда намешавад.

Далер Ғуфронов:

-Зеро мо як фазое сохтаем, ки ҳатто худи ҳамватанонамон наметавонанд дар Ватан нафаси тоза бикашанд, чӣ расад ба як барномарези русе, ки ӯ ниёзҳои ба маротиб болотаре дорад…

Ва албатта, пеш аз ҳама гап сари дастрасӣ ба интернет ҳаст, ки дар мо он хеле сифати паст дорад.

Мо одитарин ҳикмати рӯзро дарк накардаем: интернет акнун торафт ба рукни аслии иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ефтаасту мо ҳанӯз дар хоби ғафлатем.

Ahliddin Shomirov:

-Моро мебояд, ки мутахисисони тоҷики худ, ки дар соҳаи IT кор ва фаъолият менамоянд, даъват намуда, бо маоши баланд таъмин намоем .Барномасозони тоҷике дорем, ки дар давлати Изроил, ки барномасозони беҳтарини дунёро дорад, ҷалб шудаанд. Баъдан, русҳо хуб медоданд, ки IT -сфераи ватани мо камбудиҳои зиёд доранд.  Масалан, вақте ки худи ман барномасозиро дар ДТТ хатм кардам,  дар гуруҳе, ки мо 40 нафар мехондем, шояд 4 ё 5 нафар дар соҳаи худ айни ҳол бо маоши 1000 то 1200 сомонӣ кор мекунанд.  Аксарияти  дигар ҳама дар  ватани русҳо грузчик ё сохтмончӣ кор мекунанд. Дар донишгоҳҳои  мо пури хуқуқшинос ё дипломат. Дигар асри ҷомеашиносӣ гузашт, мо бояд рӯ ба техника ва технологияи  муосир биёрем. Ҳамаи давлатҳоро имрӯз зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) идора мекунанд, на ҳуқуқшинос ё дипломат.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.