Мирзиёев ба кӯдакони ҳамноми худ мошин тӯҳфа кард

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба сегоник аз шаҳри Бухоро бо номҳои Шавкат, Миромон ва Мирзиё автомобили Cobalt тақдим кард.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба сегоник аз шаҳри Бухоро бо номҳои Шавкат, Миромон ва Мирзиё автомобили Cobalt тақдим кард.

Бино ба маълумоти расонаҳои Ӯзбекистон, рӯзи 25 март дар оилаи Шерзод Ӯринов ва Маҳлиё Азимова сегоник ба дунё омада ва ба онҳо ба ифтихори Президенти Ӯзбекистон Шавкат, Миромон ва Мирзиё номгузорӣ шуданд.

Рӯзи 29 март, рӯзи сафари Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Бухоро аз номи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон  ба ин хонавода автомобили Cobalt ва се аробачаи кӯдакона супориданд.

Хонаводаи шершод Ӯринов ва Маҳлиё Азимова серфарзанд буда ва дар канори сегоник 4 духтари дигар низ ба воя мерасанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *