Мисри Араб ба низоми бонкии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кард

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати соҳибкорону сармоягузорони ҳайати Ҷумҳурии Мисри Араб бо роҳбарии Осама Муҳамед Камол, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ташрифи намояндагони ширкати мазкурро рӯйдоди муҳим ва заминаи нави мусоид барои тақвият бахшидани рушди ҳамкориҳо дар сатҳи нав миёни ҳарду кишвар арзёбӣ намудааст. Зикр карда шудааст, ки феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.

“Ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мисри Араб дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта ба мақсад мувофиқ мебошад”,- гуфтааст Ҳоким Холиқзода.

Дар навбати худ, Осама Муҳамед Камол барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла низоми бонкӣ баён доштааст. Зикр карда шудааст, ки ташрифи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб ҷиҳати пайгирии раванди татбиқшавии санадҳои ҳамкории байни соҳибкорони ду кишвар ҳангоми баргузории Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистону Миср (11.03.2022 дар шаҳри Қоҳира) баимзорасида барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

Зимни мулоқот махсус масъалаҳои марбут ба кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилотҳои суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.