Мижгон Соғар (Шифо Валӣ) – Афғонистон — Олмон

Ба мижгонат

Чӣ мешуд дар миёни чашмҳоям хона мекардӣ,

Ва ё дар сояи девори ман кошона мекардӣ.

Агар танҳоиямро бовару эҳсос мекардӣ,

Ту пар бар мекушудӣ, дар бари ман лона мекардӣ.

Агар ҳангоми рафтан гиря мекардам барои ту,

Ту ашкам месутурдӣ, ҳиқ-ҳиқи тифлона мекардӣ.

Чӣ мешуд вақти рафтан об мерехтӣ бар раҳи ман,

Ба миҷгонат ду зулфи кофирамро шона мекардӣ.

Чу ман ҳоли парешони туро бо бод мегуфтам….

Чӣ мешуд дилбар ман ҷой дар вайрона мекардӣ.

Барои кӯдаки қалбам, ки бар ёди ту мегиряд,

Агар мешуд ту шавқи гуфтани афсона мекардӣ.

Даме гар қомати ман шамъи базми маҳфилат мешуд,

Ту худ дар чашми ман парвоз чун парвона мекардӣ.

Ҳамеша дар канорам менишастӣ аз сари ёрӣ,

Диламро бо нигоҳи гарми худ девона мекардӣ.

Ду дастам мениҳодам лойи дастони ту бо нармӣ,

Маро аз худ рубуда аз худам бегона мекардӣ.

***

 Қаҳр  

Сарҳади ранҷи ман эй дӯст, намедонӣ ту,

Аз чӣ бар гиряи талхам ҳама ҳайронӣ ту.

Ту биё қарз бидеҳ будани худро як дам,

Дарди танҳо шудани соғар худ донӣ ту.

Тую ҳар лаҳза зи ман рафтани беҳудаву қаҳр,

То ба кай аз бари худ ин ҳама меронӣ ту?

Чӣ қадар тоқатам аз дасти худат тоқ шуда,

Ту нагуфтӣ, ки аз ин карда пушаймонӣ ту.

Боз имрӯз нагуфтам ба касе субҳ ба хайр,

Бари одами деҳ куҷо ҳавсала мемонӣ ту.

Боз ҳам нома навиштам ҳама зери борон,

Ҳайф шуд ҳайф, ки он нома намехонӣ ту.

***

 Соғар  

Соғари пур аз шаробам, худат медонӣ,

Гаҳе оташ гаҳе обам, худат медонӣ.

Аташат аз лабам афзуда шавад,

Шакли мармузи саробам, худат медонӣ.

Ҳазар аз ханҷари миҷгонам кун,

Турки хунрезу харобам, худат медонӣ.

Дар шабони тарабу шеъру сафо,

Намаки қалбу кабобам, худат медонӣ.

Сахт шармида зи чашмам наргис,

Гули беҳтар зи гулобам, худат медонӣ.

Боғбон даст бидор аз чидан,

Савсанам, зиннати обам, худат медонӣ.

Моҳтобӣ шабу шеъри шоир,

Акси оташ рӯй обам, худат медонӣ.

Боз дар фикри висолат шудаам,

Ғарқ дар ранҷу азобам, худат медонӣ.

Нест ҷуз заҳри ғамат қисмати ман,

Аз ғамат хонахаробам, худат медонӣ.

مژگان ساغر (شفا ولی) — افغانستان — آلمان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *