Мо нони худро бо мардуми Панҷшер ду тақсим мекунем

Дархост аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ёрии башардӯстона ба Панҷшер.

Ин шабу рӯзҳо бояд аз пайи чораҷӯии мушкилоти мардуми Панҷшер, бахусус кӯдакону занон бошем, ки аз дасти Толибони ваҳшисифат ба кӯҳҳо паноҳ бурдаанд ва азоби ташнагию гуруснагӣ ва бехонумонӣ мекашанд. Чӣ кор кунем?Аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост мекунам, ки ба таври оҷил ба ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад, то якҷоя барои ба мардуми Панҷшер расондани обу ғизо ва пӯшоки гарм долони ҳавоии мустақим боз кунанд.Бовар дорам мардуми тоҷик омода аст, нони худро бо Панҷшериён ду тақсим кунад. Барои ин ҳарчи зудтар дар Тоҷикистон созмони ёрии башардӯстона ташкил шавад, то тавонем ёрии худро ба таври машруъ расонем .

Ҳафиз Бобоёров

РS:
Ин дархост саривақти буда, барои вораҳонидани мардуми Панҷшер аз гурӯснагиву ташнагӣ ёварӣ хоҳад буд. Умед бар он дорем, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайи чораҷӯии ин мушкилот шуда, ба зудӣ амали хайреро анҷом хоҳад дод. Сарвари кишвар ҳамчун ҳомии тамоми тоҷикони дунё пайи ҳалли ин мушкилот чораҳои фавриро ҳатман роҳандозӣ менамояд. То ҳаммиллатони мо аз зулму истибдоди Толибон азият накашанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *