Мошини зиреҳпӯши “Толибон” нобуд карда шуд
Ҷабҳаи муқовимат мошини зиреҳпӯши “Толибон”* – ро дар Панҷшер нест кард, хабар медиҳад шабакаи телеграмии Sputnik Афғонистон бо такя ба хабаргузории Aamaj News.
Бино ба гузориши манбаъ, дар паи ин ҳамалот мошини зиреҳпӯши “Толибон”* нобуд карда шудааст.
Аз талафоти ҷонӣ миёни сарбозони Ҷабҳаи муқовимат ва “Толибон”* хабар дода нушадааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Ҷабҳами муқовимати миллии Афғонистон танҳо маконҳои кӯҳии Панҷшерро дар даст доранд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* муқовимат мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ