Муҳоҷироне, ки кӯдаконашон забони русиро намеомӯзанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Дар Русия муҳоҷироне, ки кӯдаконашон забони русиро намеомӯзанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар робита ба ин, Вазорати маорифи Русия лоиҳаи фармонеро таҳия кардааст. Он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани муҳоҷиронеро дар назар дорад, ки фарзандонашон имтиҳони забони русиро насупорида ва  ба омӯзиши иловагӣ шурӯъ накардаанд.

Дар лоиҳаи фармон гуфта шудааст, ки ба шаҳрванди хориҷии аз санҷиш нагузашта, дар давоми се рӯзи корӣ аз ҷониби ташкилоти санҷишӣ тавсия дода мешавад,  то дар ташкилотҳое, ки барномаҳои дахлдорро амалӣ мекунанд, аз ҳисоби маблағи волидон ба мӯҳлати на камтар аз се моҳ ба омӯзиши забони русӣ машғул шаванд.

Пас аз гузаштани дарсҳои иловагӣ, кӯдак метавонад аз санҷиши дониши забон дубора гузарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *