Муҳаммад Солеҳ омодааст баёнот диҳад

Раҳбари ҳизби мухолифи «Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон» Муҳаммад Солеҳ, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, гуфт, омодааст, дар доираи парвандаи рӯзноманигори боздоштшуда Бобомурод Абдуллоев дар додгоҳ баёнот диҳад.

Дар ин бора вакили дифои рӯзноманигор Сергей Майоров дар мурофиаи 28 март хабар дод. Бино ба хабари расонаҳо, муфаттишон мегӯянд, Абдуллоев маҳз бо дастури Солеҳ даст ба ҷинояткорӣ задааст.

«Муҳаммад Солеҳ ба ман ҳамчун вакили дифои Абдуллоев бевосита муроҷиат карда, гуфт, рӯзноманигор ба амалҳое, ки вайро айбдор мекунанд, ҳеч рабте надорад», — изҳор дошт Майоров дар додгоҳ.

Ба гуфтаи Майоров, Муҳаммад Солеҳ дар суҳбатҳои худ бо ӯ борҳо гуфтааст, матлабҳое, ки дар бораи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов бо номи мустаори «Усмон Ҳақназаров» чоп шуданд, ба Бобомурод Абдуллоев рабте надоранд.

Раҳбари ҳизби мухолифи «Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон» ҳамчунин гуфтааст, ки дар сурати иҷозат додани додрас омодааст, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Telegram, Viber, Imo ва Skype баёнот диҳад.

Сергей Майоров аз додрас хост, ки дар доираи парвандаи Абдуллоев Муҳаммад Солеҳ дар ҳузури консули Ӯзбекистон дар Туркия ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бозпурсӣ шавад. Ин пешниҳодро вакилони дифои айбдоршавандаҳои дигар ва додситонӣ низ ҷонибдорӣ карданд. Вале додрас Зафар Нурматов дархости вакилро рад карда, гуфт, ҳанӯз ҳамаи гумонбарон, шоҳидон ва мутахассисон бозпурсӣ нашудаанд.

Додгоҳи шаҳри Тошканд 7 март баррасии парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев, блогнавис Ҳаёт Насриддинов ва соҳибкорон Равшан Салаев ва Шавкат Оллоҳёровро оғоз кард, ки дар «қасди ғасби ҳукумат ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат» айбдор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *