Муҳоҷири тоҷикро дар рӯзи тӯяш депорт карданд

Нашрияҳои маҳаллии чопи вилояти Мурманск рӯзи 16-уми январ дар бораи як ҳодисаи ғайриоддии боздошт ва ихроҷи як муҳоҷири тоҷик хабар доданд. Ин шаҳрванди Тоҷикистонро приставҳо дар Кохи ақди никоҳи шаҳри Кандалакша дар рӯзи тӯяш боздошт ва депорт кардаанд.

Приставҳо розӣ шудаанд, ки як каме сабр кунанд, то ин муҳоҷири тоҷик никоҳашро бо як зани маҳаллӣ расман сабт намояд. Баъди маросими ақди никоҳ ба дастони домоди бечора завлона зада, ӯро ба боздоштгоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бурданд. Домод моҳи асалро бе арӯс дар боздоштгоҳи муҳоҷирон дар пушти панҷара сипарӣ кард.

Ахиран хадамоти приставҳои Мурманск ин шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламрави Русия ихроҷ кард. Мақомоти ин идора мегӯянд, ин муҳоҷири тоҷикро додгоҳ маҳкум ба ихроҷ аз Русия карда буд ва вай ба хотири наҷоти худ аз депортатсия бо шитоб бо як сокини Кандалкша ақди никоҳ бастааст, вале ин ҳила фоида накард.

Дар тули як соли охир беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо далоили мухталиф аз Русия ихроҷ ё берун карда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли 2017 Русия беш аз 100 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард. Ҳоло дар ин рӯйхат тақрибан 170 ҳазори дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Бар асоси қонунҳои муҳоҷирати Русия, мақомоти ин кишвар ҳақ дорад муҳоҷирони хориҷиро барои қонуншиканиҳои хурду реза, ҳатто барои пардохт накардани пули телефон, об, нерӯи барқ ё бо суръати баланд рондани мошин аз Русия ихроҷ намояд.

Барои кишварҳои муҳоҷирфиристе чун Тоҷикистон, ихроҷи ҳар муҳоҷир маънои аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгор маҳрум шудани дастикам як хонаводаро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *