Хиндустон

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Ҳиндустон

Дар  шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон конфронси IV-уми муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок ва дастовардҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдаробод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо иштироки беш аз 150 нафар меҳмонони хориҷӣ ташкил гардид. Дар кори ҳамоиши мазкур вазири сайёҳии Ҳукумати Ҳиндустон ҷаноби Сри Шанкар Редди низ иштирок ва суханронӣ намудааст.

Возможно, это изображение 7 человек и люди стоят
Возможно, это изображение 5 человек и люди стоят

Инчунин, дар ҳошияи чорабинии мазкур шартномаи нави ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдаробод имзо шудааст. Ин созишнома фарогири самтҳои мухталифи фаъолияти рушди ду муассисаи олии номбурда мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро дар ин сафари Ҳиндустон муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Исломбек Хоркашов намояндагӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *