Мубодилаи мол байни Тоҷикистону Қирғизистон ба 6 млн доллар расид
Ҳаҷми табодули молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳи аввали соли равон 6 миллион долларро ташкил додааст.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 7 август баргузор шуд, изҳор дошт, ки интизор меравад бо дарназардошти тавофуқоти сиёсии сарони ҳарду кишвар, ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ду ҷониб марҳила ба марҳила афзоиш ёбад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло байни Тоҷикистон ва Қирғизистон панҷ гузаргоҳи расмии сарҳадӣ фаъолият доранд, ки сетои онҳо дар вилояти Суғд – «Гулистон» (ноҳияи Исфара), «Маданият» (ноҳияи Ҷаббор Расулов) ва «Овчӣ Қалъача» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ҷойгиранд. Ду гузаргоҳи дигар «Лахш» дар водии Рашт ва «Қизил Арт» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ мебошанд.
Айни замон, тибқи маълумоти расмӣ, гузаргоҳҳои «Лахш» ва «Қизил Арт» танҳо барои ҳаракати шаҳрвандон боз мебошанд ва интиқоли мол тавассути онҳо сурат намегирад. Дар ҳамин ҳол, гузаргоҳи «Овчӣ Қалъача» ҳанӯз фаъол нест.
Мубодилаи молу маҳсулот феълан танҳо тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии «Гулистон» ва «Маданият» амалӣ мешавад. Хусусан тавассути «Гулистон» борҳои транзитии воридотӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.
Дар шаш моҳи гузашта ба кишвар аз Чин 658 воситаи нақлиёти боркаш ва 1 ҳазору 629 мошини сабукрав ворид гардидааст.
Мақомоти гумрук иттилоъ доданд, ки дар ин давра наздики 53 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ду кишвар тавассути гузаргоҳҳои мазкур рафтуомад кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ