Мукофоти давлатӣ чӣ имтиёз дорад?

Санаи 25-уми август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба беш аз 200 корманди соҳаҳои гуногун унвону мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд. Мукофоти давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳо дар Тоҷикистон дорои чӣ гуна имтиёзҳо мебошанд?

САРВАР, шаҳри Душанбе

Додани имтиёзро ба дорандагони унвону мукофотҳои давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” танзим мекунад. Дар моддаи 33-и қонуни мазкур имтиёзҳое, ки ба дорандагони мукофотҳои давлатӣ дода мешаванд, дарҷ гардидаанд.

Ба шахсоне, ки бо орден ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон сарфароз мегарданд, новобаста аз дигар иловапулиҳо ба нафақа, дар ҳаҷми зерин иловапулии ҳармоҳа ба нафақа пардохт мешавад:

— ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I — 50 фоиз;

— ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II — 40 фоиз;

— ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III — 30 фоиз;

— ордени Зарринтоҷ дараҷаи I — 40 фоиз;

— ордени Зарринтоҷ дараҷаи II — 30 фоиз;

— ордени Зарринтоҷ дараҷаи III — 20 фоиз;

— ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I — 35 фоиз;

— ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II — 25 фоиз;

— ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III — 15 фоиз;

— ордени «Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон» — 15 фоиз;

— унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон — 20 фоиз;

— унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон — 20 фоиз;

— унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон — 20 фоиз;

— унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон — 20 фоиз;

— унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон — 20 фоиз;

— унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон — 20 фоиз;

— унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон — 15 фоиз;

— унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон — 20 фоиз;

— унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон — 10 фоиз.

Ҳамчунин, нависанда (шоир), ҳунарпеша, ҳофиз ва рассоми халқии Тоҷикистон дар ҳолати реҳлат дар оромгоҳи шахсиятҳои маъруфи кишвар — “Лучоб” дафн карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *