Мулоқот дар Димишқ. Шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ватан бармегардонанд?

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар доираи сафари корӣ дар Димишқ бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот намудааст.

Тавре Pressa.tj аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дарёфт, зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар баррасӣ гардида, инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифтааст.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан, 25-уми июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шудаанд, ки аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.