Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Масъуд Пизишкиён

18 феврал дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

«Дар оғози суҳбат паёму дуруди самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён расонида шуд»,-хабар медиҳад АМИТ «Ховар»..

Зимнан мусоҳибон аз рушди робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамзабон, ки пас аз сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон хеле ривоҷ ёфтааст, ёдовар шуданд.

Дар идома кӯшишҳои босамари ниҳодҳои ду ҷониб баҳри татбиқи созишномаҳои нави ҳамкорӣ таъкид гардида, муносибатҳои неки фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ омили муҳими тавсеаи ҳамкории зич дар ҳама самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои Тоҷикистон бо Эрон ҳамчун авлавият боқӣ мемонад.

Бо такя ба зарфияти мавҷуда барои ноил гардидан ба тавофуқоти қаблӣ дар мавриди ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонидани ҳаҷми табодули мол байни ду кишвар изҳори умеду боварӣ карда шуд.

Таъмини рафтуомади бе раводид байни Тоҷикистону Эрон, сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика, нақлиёт ва ғайра аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими суҳбат буд.

Бо итминон таъкид шуд, ки дар партави раҳнамоиҳои сарони ҳарду давлат ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун аз имрӯза дида бештар густариш меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *