Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шарл Мишел дар Остона

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Макразӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардидааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад.

— Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, фаъолияти ширкатҳои муштарак ва расонидани кумакҳои техникиву молиявӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дастгирии молиявӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои пандемияи “КОВИД-19” ва таъсири манфии буҳрони сиёсии кишварҳои ҷангзада ба иқтисоди кишвари мо мавриди муҳокима қарор дода шуд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, истихроҷи маъдан, бунёди зерсохтор, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ еиз зарур шумурда шудааст.

Дар рафти мулоқот таҳкими шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” дар Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб маънидод гардидааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот инчунин оид ба ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим табодули афкор анҷом додаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.