Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ван И

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот муносибатҳои шарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишвар дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ ёдоварӣ намуда, зикр карданд, ки «Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем».

Ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амният хуб арзёбӣ намуданд.

Доир ба тазаккур аст, ки Чин яке аз шарикони бузургтарини тиҷоратӣ ва сармоягузори Тоҷикистон буда, тибқи омор, дар нимаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 82% афзоиш ёфта, беш аз 19% аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар суҳбат ба ҳамкорӣ дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ, ки нишасти роҳбарони ин созмон моҳи сентябр дар Самарқанд дар назар аст, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *