Мулоқоти Икромӣ бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Бадахшон

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ва ба ин восита қонеъ намудани талаботи муштариён ба хизматрасонии босифат тамоми кормандонро зарур аст, ки бо дасти пок ва нияти нек фаъолият намоянд.

Ин нуктаро раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар мулоқот бо роҳбарони филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зикр намуд.

Гуфта мешавад, ки дар ВМКБ 9 филиал бо 40 маркази хизматрасонии бонкии “Амонатбонк”, аз ҷумла 1 адад хазинаи бегоҳирӯзӣ ба аҳолии вилоят хизмати гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бидуни кушодани суратҳисоб, амалиёти хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, маблағҳои телефони мобилӣ, пур намудани ҳамёни электронӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохти маблағҳои нафақа ва кумакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиёти бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Дар фарҷоми мулоқот марказҳои хизматрасонии бонкии №627-и филиали №74-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғнон ва маркази хизматрасонии бонкии №619-и филиали №72-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Ишкошим барои саҳми арзандаашон дар рушди фаъолияти соҳа ва тақвияти мавқеи бонк дар низоми бонкии кишвар бо Ифтихорнома сарафроз гардонида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *