Мулоқоти намояндагони Хатлон бо саноатчиёни Туркия

Намояндагони вилояти Хатлон бо роҳбарияти минтақаи саноатии Газиантепи Ҷумҳурии Туркия мулоқот карданд. Ин мулоқот дар Ҷумҳурии Туркия сурат гирифтааст.

Як ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷумҳурии Туркия рафтаанд. Ҳадаф аз ин сафар ба роҳ мондани ҳамкорӣ, густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақа ва шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул мебошад. Намояндагони вилояти Хатлон аз корхонаҳои саноатӣ дидан карда, таҷрибаи кишвари мавриди назарро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 11-уми сентябр ҳайати беш аз 60-нафараи вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия рафтаанд ва ин сафар то 18-уми сентябр идома хоҳад кард.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.