Мулоқоти Президенти Қазоқистон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Имрӯз, 12 феврал дар шаҳри Остона Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.
«Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар оғози мулоқот таманниёти неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Қазоқистон расонид»,-иттилоъ медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки бо шарофати иродаи қавии сиёсии сарони ду давлат дар ҳама самтҳо мунтазам инкишоф меёбанд, баррасӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ