Мулоқоти раиси Хатлон бо соҳибкорони тоҷики муқими Алмаато

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкороне, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато кору иқомат доранд, доир гардидааст.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар мулоқот таъкид гардидааст, ки имрўз дар Тоҷикистон барои фаъолияти соҳибкорӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуда, қонунгузории соҳа, имтиёзҳои давлатӣ, кам будани сарбориҳои андозбандӣ, мавҷудияти ашёи хом, хусусан маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, пешбинӣ гардидани тахфиф барои интиқоли молу маҳсулот ба хориҷи мамлакат тавассути роҳи оҳан ва қувваи корӣ барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ имконияти мусоид мебошад.

Гуфта шудааст, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон се ҷамъияти тоҷикон фаъолият дошта, даҳҳо соҳибкорони тоҷики муқими ин шаҳр дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд.

— Раиси Анҷумани тоҷикони Қазоқистон «Сомониён» Саидмурод Шарифов иброз дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол хонаи умеди ҳар як тоҷики рӯи ҷаҳон маҳсуб шуда, пешрафти он таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи руҳбаландию ифтихормандии ҳар як тоҷик гардидааст,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Саидмурод Шарифов афзудааст, ки «мулоқоти имрўза бо роҳбарияти вилояти Хатлон моро боз ҳам ба фардои дурахшони Ватанамон руҳбаланд намуд ва тасмим гирифтаем, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакат корхонаву коргоҳ таъсис дода, дар ободии сарзамини аҷдодиамон саҳми арзанда гузорем».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *