Мулоқоти вазири меҳнат бо Шайх Фаҳд Аш-Шаммарӣ дар Риёз
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Риёз бо раис ва мудири иҷроияи Ширкати захираҳои инсонии «ARCO» мулоқот намуд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо раиси Ширкати «ARCO»-и Арабистони Саудӣ оид ба захираҳои инсонӣ Шайх Фаҳд Аш-Шаммарӣ ва мудири иҷроияи ин ширкат доктор Файсал Ал-Ваълон роҷеъ ба талаботи бозори меҳнат дар ду давлат суҳбат намудаанд.
Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин дар бораи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии бозори меҳнат дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ иштирок кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ