Мулоқоти Ятимов бо Тошиев дар Душанбе (аудио)

Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.

Тавре ки Pressa.tj  огоҳӣ ёфт, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев дар шаҳри Душанбе масоили муайянсозию аломатгузории марзро баррасӣ кардаанд.

Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар пайи баррасии масоили марзӣ протоколи ҷадидро имзо намудаанд.

Гуфта мешавад, ин протокол дар пайи мулоқоти ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев имзо шудааст. Аммо то ҳол тафсилоти ин протоколи имзошуда расонӣ нашудааст. Танҳо таъкид мегардад, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Қирғизистон доир карда мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.