Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии Мутахассис оид ба рушди шаҳр ва идораи хатари офатҳои Бонки ҷаҳонӣ хонум Чи Юн Хуанг баргузор шудааст.

Бино ба иттилои КҲФ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои алоқаманд ба муайян намудани вариантҳои имконпазири шароитҳои триггерӣ барои таъмини дастрасии фаврӣ ба шароитҳои бартарафшавандагӣ ҳангоми омодагиҳо ба офатҳои эҳтимолӣ ва ё ҳолатҳои буҳронӣ баррасӣ шудаанд.

— Ҳадафи аслии мулоқот баррасии механизмҳои истифодаи захираҳову имкониятҳои Бонки ҷаҳонӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани офатҳо ва расонидани ёриҳо ба аҳолии зарардида, ҳамчунин дастгирии чораҳои аввалиндараҷаи андешидашуда оид ба ҳолатҳои фавқулода мебошад,- меафзояд манбаъ.

Сарвари КҲФ ба меҳмонон дар бораи сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисон, бунёди Марказ барои омода намудани ғаввосон, Маркази кинологӣ, идомаи сохтмони Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва оғози сохтмони ин марказ дар минтақаҳо маълумот додааст. Ғайр аз ин, масъалаҳои ташкили тамринҳо, давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои кормандони КҲФ баррасӣ шудаанд.

Дар навбати худ хонум Чи Юнг Хуан бо изҳори сипосу қадрдонӣ аз пазироии гарм зикр намудааст, ки Кумита дар пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ корҳои зиёди самаровар ва бунёдиро анҷом додааст. Ӯ изҳори умед намудааст, ки дар оянда низ ҳамкориҳои миёни Бонки ҷаҳонӣ ва КҲФ Тоҷикистон рӯ ба рушду тавсеа хоҳад овард.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуда, ҳамчунин чандин масъалаи дигари барои ҷонибҳо судманди ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *