Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои дохилии Эрон
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар бо истифода аз абзорҳои мавҷуда зоҳир гардид.
«Аз ҷумла доир ба тавсиаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом дода шуд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир, иқдомҳои муштарак андешида шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ