Мурғоб аз Офтоб барқ мегирад

Мушкили асосии ноҳияи Мурғоб таъминот бо нерӯи барқ аст. Ин ноҳияи куҳистонӣ, ки аз нигоҳи масоҳат калонтарин ноҳияи Тоҷикистон мебошад, дар шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷойгир аст. Вале қарор аст, ки бо истифода аз нерӯи офтобӣ ин мушкил ҳал шавад. 

Солҳои пеш аҳолии ин ноҳияи баландкуҳ аз қувваи барқ шадидан танқисӣ доштанд. Танҳо як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дошт, ки танҳо нисфи маркази ноҳияро бо барқ танҳо барои равшанӣ таъмин мекард. Чанд сол қабл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳия мушкилоти сокинони минтақаро ба назар гирифта, барои бо нерӯи барқ таъмин намуданашон дастур дод.

Бо ин мақсад, барои азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии ноҳия 7,4 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода шуд. Моҳи сентябри соли 2018 бошад, ҳангоми сафари хеш ба ноҳияи Мурғоб Сарвари мамлакат тугмаи оғози фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии хурди «Тоҷикистон»-ро бо иқтидори 1500 кВт пахш карданд. Бо ҳамин маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти ба номи Гожо Бердибаев пурра бо нерӯи барқ таъмин гардиданд.

Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ, ҳамчунин, дар ноҳия аз тарафи Ширкати «Помир Энерҷӣ» истгоҳи барқии офтобии нахустин бо иқтидори 200 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони боз як истгоҳи дигари офтобӣ бо тавоноии 600 кВт шуруъ гардид.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар деҳаҳои Булункул, Чечекдӣ ва Башгумбез ба маблағи қариб 1 миллион сомонӣ панелҳои офтобӣ насб намуданд. Хатҳои барқии 10 ва 0,4-киловатта пурра таҷдид ва муштариён бо ҳисобкунакҳои замонавӣ таъмин шуданд.

Ҳамин тавр, умед аст, ки дар ояндаи наздик ноҳияи Мурғоб, ки солҳои пеш аҳолияш аз қувваи барқ шадидан танқисӣ дошт, аз ҳисоби нерӯи офтоб бо барқ таъмин мегардад. Ба иттилои “Помир Энерҷӣ” ин нерӯгоҳ маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти ба номи Гожо Бердибаевро пурра бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *