Муроҷиат: Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм бо унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарафроз гардонед

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва олимону донишмандон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар охир аз ҷониби иштирокдорони конференсия муроҷиатнома қабул карда шудааст.

— Мо, иштирокдорони конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар соли барои халқу миллат таърихии таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш менамоем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм бо унвони олии Ватан — “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарафроз гардонанд,- аз ҷумла омадааст дар муроҷиатнома.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.