Муҳлати қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд

Президенти Русия Владимир Путин бо судури як амр муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки қоидаҳои муҳоҷиратро дар қаламрави Русия вайрон кардаанд, то 10 сентябри соли 2025 дароз кард. Ин амр дар портали расмии санадҳои ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Тибқи он, шахсоне, ки то ин муҳлат мақоми худро қонунӣ намесозанд, бояд Русияро тарк намоянд. Ба ин гурӯҳ нафароне дохил мешаванд, ки дар рӯйхати шахсони таҳти назорат қарор доранд.

Рӯйхате, ки аз 5 феврал мавриди амал аст ва дар он онҳое ҳастанд, ки асоси қонунии ҳузур дар Русияро аз даст додаанд.

Қаблан муҳлати ниҳоӣ барои қонунӣ кардани будубош 30 апрел муқаррар шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *