Дар Хуросон 23 корхона ифтитоҳ ёфт

Дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 5 август доир гардид, раиси ноҳияи Хуросон Носир Суризода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар ҳудуди ноҳия ду корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бо ифтитоҳи ин корхонаҳо ҳашт ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Раиси ноҳия афзуд, ки то охири соли 2025 боз се корхонаи дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

«Мо ба нақша гирифтаем, ки то соли 2026 дар маҷмӯъ 26 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бунёд намоем. То имрӯз 23 адади онҳо аллакай сохта шуда, фаъолият доранд», – гуфт Суризода.

Бино ба маълумоти расмӣ, феълан дар ноҳияи Хуросон 38 коргоҳу корхонаи саноатӣ ва истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 36-тои онҳо фаъол мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *