Намоишгоҳи «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар 2022» дар Душанбе

25-27-уми май дар шаҳри Душанбе Конгресси 6-уми байналмилалӣ доир мегардад. Дар доираи он баргузории Намоишгоҳи «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар 2022» дар назар аст.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар конгресс зиёда аз 150 нафар роҳбарони корхонаҳои пешқадами энергияи барқароршаванда, сармоягузорон, пешвоёни технологияҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Олмон, Фаронса, Полша, Белгия Чин, Британияи Кабир, Люксембург, Туркия, Эрон, Сербия, Швейтсария, Канада татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва азнавсозиро баррасӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки конгресс ва намоишгоҳ дар самтҳои Сафари техникӣ ба НБО-ҳои «Роғун» ва «Норак», 150+ намояндагони топ-менеҷменти ширкатҳои асосии энергетикии минтақа, сармоягузорон, ҳукуматҳо ва интиқолдиҳандагони таҷҳизот ва хидматрасонӣ, 30+ лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва замонависозӣ, ҷаласаи пленарии стратегӣ дар мавзӯи нақши ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии давлатӣ дар рушди саноат, муаррифии қарорҳои муосири технологӣ аз тарҳрезӣ то татбиқи лоиҳа доир мешаванд. Дар доираи он инчунин баргузории мизҳои мудаввар роҳандозӣ гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки Конгресси 6-уми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар 2022» як платформаи касбӣ барои муколама буда, барои табодули таҷриба, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо, татбиқи босамари як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика,сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии минтақа (Тоҷикистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Эрон, Русия, Қазоқистон, Арманистон, Туркия, Қирғизистон) мусоидат менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *