Намояндагони 21 ширкати туркӣ дар корхонаҳои МОИ “Данғара”

Ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» намояндагони 21 ширкати туркӣ аз соҳаҳои саноати сабук, мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра даъват шуда ва аз корхонаҳои МОИ «Данғара» дидан намудаанд.

Бино ба иттилои Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, “сол то сол иштироки ширкату корхонаҳои Туркия дар иқтисоди кишвар афзуда, ин чорабинӣ ҳам омили муҳим ва калидии таҳкими ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар мебошад. Ба туфайли сиёсати созандаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои сармоягузорон имтиёзу бартариҳои зиёд пешбинӣ гардида, инчунин рушди ҳакамӣ (арбитраж)-и байналмилалии тиҷоратӣ дар кишвари мо гувоҳи ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон аст”.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркия аз аввали соли равон 118,5 млн доллар, дар ҳамин давраи соли гузашта 126,8 млн доллар ва дар соли гузашта дар маҷмуъ 390,5 млн долларро ташкил додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.