Нархи чипта боз гарон шуд, аммо мақомот шарҳ намедиҳанд

Мусофирони самти Душанбе — Москва шиква доранд, ки нархи чиптаи ҳавопаймо дар ин масир боз қиммат шудааст. Аммо мақомоти дахлдор кӯшиши паст ё танзим кардани нархро надоранд.

Чанде аз мусофирон дар назди марказҳои чиптафурӯшӣ, маъруф ба “Зелёний” гуфтанд, ки нархи гарони билет ба ҷайбашон мувофиқ нест. Аммо илоҷи дигаре надоранд. “Чипта аз 5700 сомонӣ болост. Ин самти Душанбе — Москва аст. Ин мувофиқ ба шароити мо нест”,- мегӯянд мусофирон.

Мусофирони самти Русия аз он нигарон ҳастанд, ки нархи билетҳои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия якбора боло рафта, назар ба як моҳи гузашта тақрибан як баробар зиёд шудааст.

То ҳол сабаби якбора гарон шудани нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз самти Тоҷикистон ба Русияро ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ниҳодҳои танзими нарх дар бозор шарҳ надодаанд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки яке аз омилҳои болоравии нархи чипта мавсимӣ мебошад. Зеро дар ин шабу рӯз донишҷӯёни тоҷик барои идомаи таҳсил ба шаҳрҳои Русия мераванд. Муҳоҷирон низ кам нестанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *