Нархи чиптаро муштариён қиммат мекунанд?

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз сабабҳои болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро ба “афзоиши талабот аз ҷониби муштариён” рабт доданд.

Назар Одиназодамуовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, зиёд ё кам будани талаботи мусофирон ба билети ҳавопаймоӣ, ба нархи он низ таъсир мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳо қабл аз ҳама дарёфти фоидаро ба назар мегиранд ва дар самти хизматрасонии байналмилалӣ мустақилона нархҳоро муайян мекунанд: “Вақте талабот зиёд шуд, нархи билет боло меравад ва онҳо бештар фоида мегиранд. Агар мусофирон кам шуданд, нархи билетҳоро низ поин мебаранд ва ба таври минималӣ фоида мегиранд. Дар тамоми ҷаҳон ҳамин гуна аст, ки вақте барвақтар, маслан як моҳ пештар муроҷиат кунед, билет арзонтар аст, 10 рӯз пештар қиматтар мешавад ва агар ду-се рӯз пеш аз парвоз билет бихаред, албатта боз гаронтар мефурӯшанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *