Нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон поин меравад

Дар Тоҷикистон қимати чиптаҳои парвоз арзон мешавад. Дар ин бора директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ҳамаи ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ва хориҷӣ тахфифи то 40-фоиза пешниҳод кардааст. Ҳамчунин, “Тоҷикаэронавигатсия” нархи хадамоташро коҳиш дода, ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ то 20 фоиз нархҳоро поин бурдаанд.

Ин иқдомҳо дар пайи ҷорӣ шудани сиёсати “осмони боз” дар кишвар сурат мегиранд. Сиёсате, ки ба гуфтаи мақомот, маҳдудиятҳои қаблиро дар самти басомади парвозҳо ва шумораи мусофирон лағв карда, барои рақобати озод миёни ширкатҳо замина фароҳам меорад.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли равон баробарии ҳатмии ширкатҳои миллӣ ва хориҷиро лағв кард. Ба таъкиди коршиносон, аз миён бурдани усули паритет метавонад боиси арзоншавии нархи чиптаҳо ва рушди бахши гардишгарӣ дар кишвар гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *