Нархи орд боло меравад. Омори ғалату «далел»-ҳои блоки иқтисодӣ

Дар Тоҷикистон болоравии нарх ҳаст. Аммо поёнравиро интизор нашавед! Ё омори истеҳсоли ғалла дурӯғ аст, ё монополистон ба хотири гурез аз рақобат роҳҳоро бастаанд. Аз баҳонаҳои камчинӣ, камборишӣ, камворидшавӣ, афзоиши талабот… мардум қимоб шудаанд. Шояд блоки иқтисодӣ баҳонаҳои дигар низ дорад?   

Мардум дар ташвишу мақомот хомӯш

Мақомоти масъули тоҷик борҳо ваъда медиҳанд, ки маҳсулоти ғалладонагӣ захира кардаанд, кишти он низ бештар аст. Яъне, бо ин мардумро дилпур кардан мехоҳанд, ки орд қиммат намешавад. Аммо дар пасманзари ин ҳама ду моҳ инҷониб нархи орд дар Тоҷикистон майли болоравӣ дорад. Наход як халта орди 50 кг дар бозорҳои мо аз 400 сомонӣ ҳам гузашта бошад? Куҷост инсофу виҷдон ва назорати ниҳодҳои танзиму захираи маҳсулот?

Фурӯшандаҳо бошанд, мардумро дар таҳлука гузоштаанд, ки ин ҳадди охир нест. Метавонад аз ин болотар равад. Зеро коҳиши воридоти гандум ба кишвар, қурби асъор ва дигар омилҳо метавонанд таъсири худро гузоранд. Вале суол ин аст, ки мақомоти дахлдори кишвар, аз ҷумла вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ (ниҳоди танзими нарх) дар пешорӯи ин гуна болоравии нархи ғизои аввалиндараҷа чӣ кор мекунанд?

Чанд рӯзи охир шикояти сокинони кишвар аз якбора қиммат шудани орд бештар аст. Имрӯзҳо ях халта орди 50-килоии истеҳсоли ватанӣ 340-360 сомонӣ, истеҳсоли Қазоқистон 370-400 сомонӣ аст. Арзиши халтаҳои орди 10-килоӣ 75-80 сомонӣ ва 5-килоӣ 40-45 сомониро ташкил медиҳад. Баъзан, дар макони ордфурӯшӣ чунин менависанд, вале гапу амали савдогарон ба навиштаҷот рост намеояд. Нархи 1 халта ордро аз 400 сомонӣ ҳам бештар ба харидорон пешниҳод мекунанд. Ин бори аввал нест, ки дар мо нархи ғизои асосии мардум майл ба болоравӣ дорад. Ҳанӯз моҳи март арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 270-280 то ба 290-325 сомонӣ зиёд шуда, ба ин тариқ, дар зарфи 2 моҳ сатҳи болоравӣ тақрибан аз 20% ҳам убур кард.

Харидорон аз фурӯшандаҳо шиква мекунанд, ки иштиҳояшон қозгир шудаву ба хотири манфиати муфт ордро гарон мефурӯшанд. Аммо  истеҳсолкунандагони орд изҳор медоранд, ки дар болоравии нарх онҳо гунаҳкор нестанд. Зеро гандуми воридотӣ аз Қазоқистон қиммат шудааст. Ҳамчунин, ин кишвар содиротро ба кишвари мо кам кардааст. Истеҳсолкунандагони орд дар кишвар сабабҳои дигарро ҳам номбар мекунанд: камшавии захираи гандум дар анборҳо, гароншавии гандум дар саросари дунё, мушкилии парвариши гандум дар Тоҷикистон бо сабаби нархҳои баланди маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ, таваррум ва зиёдшавии хароҷоти хидматрасонии нақлиёт. Хадамоти зиддиинҳисорӣ бошад, болоравии нархҳоро ба афзоиши нархи гандум дар Қазоқистон марбут медонад.

Соли гузашта арзиши 1 тонна гандум аз Қазоқистон ба ҳисоби миёна 240 доллар ва моҳи январи соли 2022-юм 285 долларро ташкил додааст ва мутаносибан соли гузашта як халта орд дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 240 сомонӣ, аввали соли ҷорӣ 280 сомонӣ ва акнун аз 350 то 400 сомонӣ нарх дорад.

Як назар ба омор

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар зиёда аз 170 ҳазор гектар зироати ғалладона, асосан гундум кишт шудааст. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 1,5 млн тонна зироати ғалладона кишт шудааст, ки ҳудуди 1 млн тоннааш навъҳои гуногуни гандум мебошад. Ин нишондиҳанда тақрибан 50%-и талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ мекунад. Ҳамчунин, бино бар омори расмии Вазорати кишоварзӣ нақшаи кишт низ бештар аст.

Вале то куҷо оморҳои мо ба бозор рост меоянд, ки нархи воқеии орд нигаронкунанда аст? Ба назар чунин менамояд, ки ниҳодҳои мо мехоҳанд бо омор мардумро сер кунанд. Вале имрӯз бозор бозгӯкунандаи ҳақиқати ҳол аст. Мақомоти кишвар ҳамеша дар ростои болоравии дилхоҳ маҳсулоти ниёзи аввал бонг мезананд, ки захираҳои кофӣ мавҷуданд. Дар сурати болоравӣ маҳсулоти захираро ба фурӯш мебароранд, то нарх танзим шавад ва аҳолӣ дастрасӣ дошта бошанд. Аммо чаро дар болоравии якбораи нархи орд ин захираҳо нестанд, то мардум мувофиқ ба ҷайби худ харидорӣ кунанд?

Суол ба масъулини Вазорати кишоварзӣ: Агар мо имкони таъмини бозори худро бо маҳсулоти ғалладонагӣ надорем, чаро заминҳои Қазоқистону Русияро барои кишт иҷора намегирем, то бозори худро таъмин намоем? Ё зӯри мо фақат ба вайрон кардани замини кишти гандуму ба ҷои он шинонидани картошка мерасад?

Суол ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Чанд корхона ба ворид кардани орду гандум ба Тоҷикистон машғуланд? Дар як соли охир онҳо дар алоҳидагӣ ба кадом миқдор орду ғалла ворид кардаанд?

Шояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо сабабҳои зеҳнӣ аз додани посух худдорӣ кунад. Аммо ин талаби хонандагони “Тоҷикистон” аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Мо интизори посух ҳастем!

Усмон РАҲИМЗОДА,

[email protected]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *