Наркабизнеси машҳури кишвар боздошт шуд

Шаби шанбе ба якшанбе дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон Мусулмон Холов, зодаи ноҳияи Ёвон дастгир шудааст. Мусулмон Холов баъди дар Русия боздошт ва маҳкум шудани Иброҳим Сафаров, маъруф бо лақаби «Боим” машҳуртарин наркобарони тоҷик шумурда мешуд.

Як манобеи муътамад хабар доданд, ки шаби шанбе ба якшанбе дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон яке аз машҳуртарин наркобаронҳои тоҷик – Мусулмон Холовро дастгир кардаанд. Мусулмон Холов зодаи ноҳияи Ёвон буда, ба гуфтаи як манобеи муътамад, яке аз бузургтарин шабакаҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русияро ба роҳ монда буд.

Манобе  мегӯянд, дар амалиёти боздошти Мусулмон Холов дар фурудгоҳи Душанбе худи генерал Шерхон Салимзода, сардори Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мустақиман ширкат дошт, ки ин ҳам аҳамияти шахси боздоштшударо нишон медиҳад.

Аммо Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Агентии мубориза бо маводи мухаддир рӯзи 21 август дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, маъмурони ин Агентӣ дар ин рӯзҳои ахир дар фурудгоҳи Душанбе боздоште анҷом надодаанд. Шерхон Салимзода ҳам, ба гуфтаи ӯ, дар рухсатист.

Манобеи огоҳ мегӯянд, Мусулмон Холов баъди дар Русия боздошт ва маҳкум шудани Иброҳим Сафаров, ки бо лақабҳои «Боим”, «Раис” ва ҳатто «Министр” машҳур буд, яке аз бузургтарин шабакаҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русияро ташкил дода буд. Тавассути ин шабака, ба гуфтаи ин манобеъ, ҳар сол садҳо кило ҳероину афюн ва ҳашиш қочоқ мешуд.

Тафсилоти дигари қазияи Мусулмон Холов ҳанӯз маълум нест.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи шимол – асосан ба Русия – табдил ёфтааст. Аз 8 ҳазор шаҳрванди тоҷике, ки дар Русия зиндонӣ шудаанд, бино ба ҳисобҳо, тақрибан сеяки онҳо бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Дар байни ин қочоқбарони дар Русия зиндонишуда чанд нафаре ҳам ҳаст, ки онҳоро аз бузургтарин наркобаронҳои тоҷик мешуморанд.

Аз ҷумла, дар соли 2012 дар ДубайАтобек Гулмамадов, зодаи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшонро дастгир ва моҳи феврали соли 2013 ба Маскав истирдод шуд. Мақомоти Русияро Гулмамадов, мулаққаб ба«Бек»-ро аз соли 2009 бақочоқи 400 килограмм ҳероин айбдор мекарданд. Вале наздикони ӯ мегуфтанд, ки ӯ бисёр як зиндагии хоксоронае дошт ва пулиси Русия ба хотири бузург нишон додани натиҷаи кораш «аз пашша фил сохтааст.”

Аммо албатта, машҳуртарин наркобарони тоҷики дар Русия зиндонишуда Иброҳим Сафаров, мулаққаб ба «Боим” аст, ки дар Русия дар соли 2006 бо 200 кило ҳероин дастгир ва ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарии «Боим” ҳар сол ба бозори сиёҳи он кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекард.

Иброҳим Сафаров соли 1971 дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе таваллуд шудааст ва то боздошташ аз нафарони хеле мӯътабар дар олами ҷиноии Тоҷикистону Русия ба шумор мерафт. Дар бораи «Боим” ҳатто овозхонҳои тоҷик, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин тарона хондаанд.

Бовар меравад, як таронаи Садриддин бо номи «Дар қафас нишастани ту” маҳз ба «Боим” бахшида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *