НБО “Роғун” коргар меҷӯяд?

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар ёфтам, ки НБО “Роғун” коргар меҷӯяд. Мехостам донам, ки ин сохтмони азими аср ба мутахассисони кадом соҳа ниёз дорад?

САИДБУРҲОН, сокини ноҳияи Айнӣ

— Воқеан, санаи 27-уми сентябр дар гулгашти хиёбони Рӯдакӣ дар назди Маркази савдои “Садбарг”-и шаҳри Душанбе ярмаркаи вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он ба сокинони пойтахт 2677 ҷойи нави корӣ дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пешниҳод шуд.

Сардори Раёсати кадрҳои ҶСП “НБО Роғун” Сайдулло Абдулаҳадзода мегӯяд, ки ҳоло барои нерӯгоҳ ронандагон, кафшергарон, муҳандисони гидроэлектромонтаж, лоиҳакашон ва дигар мутахассисон заруранд.

“Барои коргарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, яъне онҳо бо се вақт хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин мегарданд”,- гуфт номбурда.

Таъкид шуд, ки аз 2677 адад ҷойи кори холии аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” пешниҳодгардида 1290 ҷои кор ба ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж”, 880 адад ба ФҶСП “Туннели Садди Ориёно”, 70 ҷойи кор ба ҶДММ “Фароб”, 82 ҷойи кор ба ҶСП “Сохтмони асосӣ” ва дигар ташкилоту ширкатҳо тааллуқ дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.