Ӯзбекистон ҳамаи парвозҳо ба Алмаато, Актоба ва Актауро лағв кард

Uzbekistan Airports аз лағви парвозҳои мунтазами аз 8 то 13-уми январ ба шаҳрҳои Қазоқистон нақшабандишуда бо сабаби техникӣ дар фурудгоҳҳои таъингардида хабар дод.

Бино ба иттилои Uznews.uz, парвозҳо аз Тошканд, Самарқанд, Нуқус ва Урганҷ ба шаҳрҳои Қазоқистон муваққатан манъ карда мешаванд. Дар ин давра парвозҳои зерин лағв карда мешаванд:

— HY-761/762/763/764 бо хатсайри Тошканд — Алмаато — Тошканд;

— HY-767/768 бо хатсайри Самарқанд — Алмаато — Самарқанд;

— HY-9729/9730 бо хатсайри Нуқус — Актоба — Нуқус;

— HY-9725/9726 бо хатсайри Урганҷ — Актау — Урганҷ;

— HY-9727/9728 бо хатсайри Нуқус — Актау — Нуқус.

— Мусофирони хатсайрҳои лағвшуда ба Алмаато, Актоба ва Актау ҳақ доранд маблағи чиптаро пурра баргардонида бигиранд ва ё барои пас аз барқарор шудани парвозҳо ба таври ройгон фармоиш диҳанд,- хабар медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *