Одинаев барои 14 сол равонаи зиндон шуд

Суди ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал демкоратии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 14-сол равонаи зиндон кард
Ҳукми Маҳмурод Одинаев дар суди ноҳияи Рӯдакӣ содир шуд. Суд Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукми судро напазируфт.Дар ин бораи муовини Раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов хабар додааст.
Писари Маҳмурод — Одинаев Ҳабибулло Ризоевро суд ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карданд. Ӯ ба авбошӣ айбдор шуд. Шокирҷон Ҳакимов таъкид дошт, ки мурофиаи судӣ пушти дарҳои баста сурат гирифт ва намояндагони ҳизб имкони ҳузур дар ин мурофиа надоштанд.
“Боиси таасуф аст, ки мурофиаи додгоҳии Маҳмурод Одинаев дирӯз оғоз шуду имрӯз тамом шуд. 14 сол ин муҳлати бисёр зиёд аст”, — гуфт Шокирҷон Ҳакимов.
Қаблан дар Прокуратураи генералӣ гуфта буданд,ки ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони «авбошӣ» парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.
Мақомот ӯро ба он муттаҳам карда буданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор «тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *