Ниқори пиёзу помидорро аз кӣ бигирем?

Бало занад ҷинҳоятонро, ҷаноби Ҷумъазода! Пиёзи 7-8-сомонӣ навиштаму шояд чашмонашон тезу тунд шуд, ки дигар шабҳо то саҳар намемонанд баҳузур хоб равам.

Лекин, рости гап, фикр мекунам, ки онҳо ягон айб надоранд. Шумои бало онҳоро таҳрик додагӣ. Э, бобо, ниқор аз ман мегиред? О, айби ман чӣ!? Ман ҳам аз пиёзсӯзак маҳрум, шумо ҳам. Хайр, бигиред, пеши вазири кишоварзӣ фиристонедашон, ё назди раиси “Тоҷикматлубот” ва ё ҳаволаи бахши кишоварзии парлумон кунед! Аз дасти ман чӣ меояд!? Базӯр-базӯр қад алам кардаву бо нӯги қалам давоми моҳ як лаб навола ба даст меорам, ки миёни чанд лаҳзаяке дар роҳи рӯзу рези зиндагӣ чошу пош мешавад. Раисони Маҷлиси намояндагону “Тоҷикматлубот” ё вазири кишоварзиро кай парвои ниёзҳои ману шумо!? Шояд худашон ба ҷойи пиёз муназзаму мунтазам пиёзи анзур истифода баранд! Ё об аз боло, аз ариқи сарвазиру муовини сарвазир оид ба кишоварзӣ лой бошад!? Ё мехоҳед ман ҳам, як мардаки оромтабиати ҳамеша «хуб» мегуфтагӣ низ тезу тунд шавам!?

Барқасдона мехоҳед, ки ман ҳам пиёз шавам?! Э, балотона гирам…

Ман ҳеҷ гоҳ пиёз намешавам! Вале хоҳиш дорам, ки худатонро турб натарошеду ҳама корҳоро турб накунед! Беҳтараш, хобҳои бандаи гандаро сари вақт ва одилонаву мунсифона таъбир намоед! Тавре мебинам, дар иҷрои уҳдадориҳоятон хунукназарӣ доред ва аллакай чанд хоби маро бетаъбир гузоштед. Агар помидор 8-10 сомонӣ намешуд, бо чунин нодидагириятон, ҷинҳои худи худатонро моил намудаву мефармудам, чунон помидоршаппакатон мекарданд, ки то бас гуфтан! Аммо боз зарба ба сари бечора масъулини Вазорати кишоварзӣ фурӯ мерафт. Дар ҳоле, ки аслан дар самти кишоварзӣ бояд бахши кишоварзии парлумон ва муовини кишоварзии сарвазир пешгом бошанд. Бояд санадҳое ба тасвиб расонида шаванд, ки мутобиқи онҳо мавқеи вазири кишоварзӣ аз раиси дилхоҳ шаҳру ноҳияи аграрӣ боло бошад. Бояд раисон назди вазири кишоварзӣ ба таври бояду шояд ҳисобот диҳанд. Гаҳвораи раисони ноҳияҳо аз осмон фаромадагӣ нест ку! Ё бинед, агар кадом раиси ноҳияи аграрӣ бемасъулиятиву сустӣ кард, ба ҷинҳоятон фармоед як фишораш оранд, то бо хоҳиши худ ба истеъфо равад. Оқибаташро фикр накунед. Ана, ман, кадри бад не. Ман ҳам бачаи деҳқон, кам-кам ба равиши об бел заданро медонам. Метавонанд маро вазир ё раис монанд. Агар мушкилотро ҳал кардам, хуб, агар не, боз сабукдӯш кунанд. Бе ин ҳам, ҳамин қадар сол ҳамин хел омадаву рафта истодааст ку!

Масалан, як замоне хостем заминро аз деҳқон кашида гирем. Хоҷагиҳои ба ном “тухмипарварӣ” таъсис додем. Фикр кардем, ки деҳқон маҳсулоти хуб истеҳсол кардаву пули муфт ба даст оварда истодааст. Яъне, бо деҳқон рақобат карданӣ шудем, аммо натавонистем. Ба ин маъно, ки гарчанде маош ҳам медодем, ҳатто заминҳои обиямон мисли пушти сари Сурхи Аттор холиву биёбонӣ гаштанд. Маҷбур шудем ҳисоботи росту дурӯғ супорем, барои заминҳои бекорхобидаамон «акт»-и дурӯғакӣ барорем, ки бо фалону бисмадон сабабҳо ҳосил надоданд. Ба ҷои ин ҳама “часпу талошҳо” як бор наандешидем, ки барои рушди кишоварзӣ таҳияи стратегияи мукаммалу муштарак аз ҷониби ҳама ниҳодҳои масъули соҳа лозим аст. Бас будагист акнун ҳама айбҳоро ба сари якдигар бор кардан!

Ана ҳамин хел, ҷаноби Ҷумъазода! Натиҷаи беғамиҳоямон аст, ки акнун пиёзро ҳам ба серӣ намехӯрему помидорро ҳам. Шумо бошед, аз ин ҳафта ба он ҳафта баҳона карда гаштед, ки таъбири хоб гуфта наметавонед, чун дар рухсатии меҳнатиед. О, наход рухсатии меҳнатии шумо ҳам мисли рухсатии вакилони парлумон ҳамин қадар тӯлонӣ бошаду беғамона кайф карда гардед?!…

— Бо кӣ “разбор” дорӣ, ака!?

Ин муроҷиати ногаҳонӣ як қад парондам. Хестам, ки хоб будаам. Аввал хандаам омад. Баъд ором шудаву гуфтам:

— Бо экстрасенс Холиқназар Ҷумъазода камакак “разбор”-и лафзӣ кардам, то ба хобҳои пеш ва ҳоло дидаам таъбир кушоянд…

— Ҳааа,- нидо кард додарчаам ва аз хона берун рафт.

Фазлиддин АСОЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.