Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон: Аз паноҳгоҳ ба террористон то хатар аз Афғонистон

Рӯзҳои 18-19-уми октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» баргузор шуд. Мавзӯи суҳбати аксар иштирокдорон таҳдидҳо аз Афғонистон баъди ба қудрат расидани гуруҳи тундрави Толибон буд.

Кӣ ба террористон паноҳгоҳ медиҳад?

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хост, ки ба шахсони муттаҳам ба терроризм паноҳгоҳ надиҳанд.

“Мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар мутараққӣ сӯйистифода менамоянд”,- зикр кард сарвари кишвар. Вале президент мушаххас аз ягон кишвар ном набурд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки масъалаҳои ҳуқуқи башар ва ифротгароиву терроризм бояд ҷудо аз якдигар баррасӣ шаванд.

Хатари №1

Хатарҳо аз Афғонистон мавзуи меҳварии суҳбати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши зикршуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки “дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст”.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки “бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гуруҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлабро фароҳам меоранд”.

Ӯ гуфт, ки “ин гуна рӯйкардҳо, ба назари мо, ғайрисозанда буда, гуруҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд”.

“Ҳамчунин, қобили тазаккур аст, ки имрӯз созмону гуруҳҳои ифротиву террористӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфиятҳои технологияи иттилоотии пешрафта фаровон истифода мебаранд, ки бояд ин мавзуъ мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирандешии муассири масъулону коршиносон қарор гирад”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон бо такя ба таҳлили пешбиниҳо гуфт, ки “чунин вазъият дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома ёфта, ҳузур ва фаъолияти ДОИШ ва Ал-Қоида густариш меёбад”.

Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон “зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир”-ро махсусан таъкид намуд.

Президент гуфт, ки Тоҷикистон барои таҳкими марзаш бо Афғонистон дар ду соли охир 175 иншооти сарҳадӣ сохта, лозим аст, ки боз 300 иншооти дигар бунёд намояд.

Камингоҳи террористон

Зикр кардан бамаврид аст, ки таҳдидҳо аз Афғонистон баъди ба қудрат расидани гуруҳи тундрави Толибон мавзӯи суҳбати аксар иштирокдорони ҳамоиш буд. Владимир Тарабрин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия “аз ҳамлаи ваҳшатноки террористӣ” ба сафорати ин кишвар дар Кобул ёд кард. Дар ин таркиш, ки рӯзи 5-уми сентябри имсол рух дод, ду кас кушта ва камаш 11 нафар захмӣ шуданд.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Душанбе гуфт, ки ин ҳамла “далели ҷиддии муҳим будани муттаҳидӣ дар мубориза ба терроризм, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад”. Изҳороти ин мақомдори рус дар ҳолест, ки Маскав талош дорад бо Толибон равобити хуб дошта бошад.

Намояндагони Толибон борҳо гуфтаанд, ки иҷоза намедиҳанд хоки Афғонистон барои ҳамла ба ҳамсояҳо истифода шавад. Аммо ҳузури ҷангҷӯёни ДОИШ ва Ал-Қоида дар ин кишвар исбот шудааст. Аз ҷумла, мақомоти амрикоӣ рӯзи 31-уми июли имсол эълон карданд, ки Айман Аз-Завоҳирӣ, роҳбари “Ал-Қоида”-ро дар маркази шаҳри Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишин куштаанд. Дар аввал Толибон ин хабарро рад карданд, вале баъдан гуфтанд, ки аз омадани роҳбари Ал-Қоида ба Кобул хабар надоштанд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақа мегӯяд, ки Афғонистон ба яке аз минтақаҳои амн барои ҳузури ифротиён ва террористон табдил шудааст.

“Бархилофи иддаои раҳбарони Толибон барои роҳ надодан ба ҳузур ва нуфузи террористҳо ба кишварҳои ҳамсоя, тайи беш аз як соли гузашта шоҳиди он набудем, ки ҳатто як террористро ба кишваре истирдод карда бошанд”,- мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад.

Дар ҳошияи ҳамоиш

Дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» ҳарфҳои дигар низ буд.

Аз ҷумла, ширкат накардани Қирғизистон дар ин ҳамоиш баъди танишҳои марзиро коршиносон ба ҳар шева шарҳ медиҳанд. Ҳол он ки, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ба ҳамоиш даъват шуда буд.

Нуктаи дигар дар ҳамоиш бархӯрди намояндагони Русияву Украина аст, ки феълан дар ҳоли даргирӣ ҳастанд. Валерий Евдакимов, сафири Украина дар Тоҷикистон Русияро дар терроризм муттаҳам кард. Владимир Тарабрин, намояндаи вижаи ВКХ Русия доир ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ сафири Украинаро «актёр» хонд.

Пайвастани ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористӣ мавзуи дигари ҳамоиш буд, ки феълан барои ҷомеаи ҷаҳонӣ доғ шудааст.

Вале зоҳиран нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба Афғонистон равона шуда буд. Махсусан, Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1400 километр сарҳад дорад ва як қисми он дар минтақаҳои назораташ душвор ҷойгир шудааст. Ҳамин аст, ки кишвари мо маротибаи сеюм ба муқобили терроризм ҳамоиши сатҳи баланд баргузор мекунад. Ҳамоиши ахир зери чатри СММ баргузор шуд.

О. СОҲИБЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.