Нигаронии Президент аз талафи бесобиқаи оби ошомиданӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз талафоти бесобиқаи оби ошомиданӣ изҳори нигаронӣ кард.
Соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо сабт гардид, ки дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт ва сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳон баланд шуд. Дар Конфронси якуми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки вазъи пиряхҳо ба таҳқиқоти дақиқи илмӣ ниёз дорад.
Ӯ пешниҳод кард, ки бо ҳамкории шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ як экспедитсияи фарогир барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ташкил шуда, дар кишвар озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон барномаи махсусе барои ҳифзи гуногунии табиии Боғи миллии Тоҷикистон, ки бештари пиряхҳои кишвар дар он ҷойгиранд, роҳандозӣ мекунад.
Сарвари давлат иқдомоти фаврӣ дар робита ба раванди обшавии пиряхҳоро номбар намуда, пешниҳод кард, ки Стратегияи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ таҳия гардад. Ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ин ташаббусро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид матраҳ намуда, аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки аз ин иқдом пуштибонӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ