Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ». Тавлидгари ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон

Амонатбонк ҳамчун як бонки давлатӣ шинохта шудааст. Аз ин ҷиҳат мардум низ ба ин бонк таваҷҷуҳ доранд ва аз хизматрасониҳояш истифода мебаранд. Фаъолияти Амонатбонк низ чанд соли охир муассир дониста мешавад. Ин бонк бо беш аз 3000 корманд имрӯз ба зиёда аз 23 ҳазор корхонаю ташкилот, 771 ҳазор нафақагир, 1,7 млн амонатгузор тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизмат расонида истодааст. Бо Шуҳрат Холиқов, директори Маркази протсессингии низоми пардохт доир ба фаъолияти низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, истифодаи кортҳои пардохтӣ, чӣ гуна эмин мондан аз ҳар гуна хавфҳо суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон мегардад.

— Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” дар Тоҷикистон чандин сол аст, ки фаъолият дорад. Нигоҳи шумо ба ин низом чист?

— Мақсади асосии таъсиси низоми пардохти миллӣ — ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани ҳар гуна хавфҳо мебошад. Инчунин, бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳо ин низом таъсис ёфтааст. Айни замон тибқи иҷозатномаи БМТ Амонатбонк танзимгари низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” маҳсуб мешавад.

— Иртиботи шумо бо ташкилотҳои қарзию молиявӣ чӣ гуна аст?

— Амонатбонк, ҳамчун танзимгари низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ созишнома оиди иштирок дар низоми мазкур ба имзо расонидааст. Инчунин, ба ташкилотҳое, ки ба низом мустақиман пайваст мешаванд, яъне тавассути маркази протсессингии низоми пардохт, хизматрасонии протсессингӣ пешниҳод менамояд. Дар робита ба ин, мо бо беш аз 25 ташкилоти қарзии молиявӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ карда истодаем.

Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” бо маркази протессингии низоми пардохт, қаблан то соли 2017 дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ташкил гардида, фаъолият менамуд. Сипас, моҳи апрели соли 2017 танзими пурраи низом ва маркази протсессингӣ аз Бонки миллӣ ба Амонатбонк гузашт. Яъне, он бо тамоми хизматрасонӣ ва таҷҳизоташ ба Амонатбонк интиқол ёфт.

— Бигӯед, ки низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” барои муштариён ва ташкилотҳо чӣ медиҳад?

— Вобастагӣ аз дигар низомҳои пардохти ва хавфҳои берунаро кам мекунад. Аз ҷумла, Visa, MasterCard ва дигар низомҳои пардохтии байналмилалиро дар назар дорам. Мо дар дохили ҷумҳурӣ мустақил мебошем. Ин як платформа аст, ки хизматрасонии босифати бонкҳоро таъмин менамояд. Ҳамчунин, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва таъмини мизоҷон бо кортҳои бонкӣ мусоидат менамояд. Яъне, пардохти музди меҳнат ва нафақа тавассути низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” сурат мегирад.

— Ҳоло дорандагони корти миллӣ чӣ қадаранд?

— Дар умум, аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба санаи 31-уми декабри соли 2021 ба мизоҷон 3,5 миллион корти бонкӣ пешниҳод шудааст. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 24,4 фоиз бештар мебошад. Аз миқдори умумӣ 73,6 фоиз ба низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, 11,4 фоиз ба кортҳои низоми дохилии (локалӣ) худи ташкилотҳои молиявӣ ва 8,5 фоиз ба кортҳои низоми байналмилалӣ ва 6,2 фоиз ба кортҳои муштаракнишон рост меоянд.

— Бештари кортҳо дар куҷо истифода мешаванд?

— Аз шумораи умумии кортҳо 25 фоиз ба шаҳри Душанбе, 28 фоиз ба вилояти Суғд, 27 фоиз ба вилояти Хатлон, 17 фоиз ба НТМ ва 3 фоиз ба ВМКБ рост меояд. Ҳоло аз тарафи ташкилотҳои  қарзию молиявӣ 1412 банкомат ва 4878 терминали электронӣ насб карда шудааст. Аз ин 1848 адад дар нуқтаҳои пардохти пули нақд ва боқимонда дар марказҳои савдою хизтматрасонӣ насб карда шудаанд.

— Имрӯз мушкилие мардумро нигарон кардааст. Дар баъзе маврид набудани маблағ дар банкоматҳо. Оё ташкилотҳое, ки иштирокчии низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ҳастанд, наметавонанд ин муамморо ҳал кунанд?

— Ҳар як бонк вазифадор аст, ки банкоматҳои худро бо пул таъмин кунад. Вазифаи аввалиндараҷаи мо ин танзимии умумии низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” аст. 

— Ин хизматрасонӣ аз чӣ иборат аст?

— Пешниҳод намудани пули нақд, таъмин намудани марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бо пос-терминалҳо. Яъне, фароҳам овардани шароити хизматрасонии босифат ба мизоҷ. Кумаки техникиро низ мо анҷом медиҳем, яъне аксарияти ташкилотҳо дар маркази протсессингии низоми пардохт хизматрасонӣ мешаванд. Аз ин ҷиҳат сохтори мо Маркази протсессингии низоми пардохт ном гирифтааст.

— Ҳамчун мутахассис бигӯед, ки меъёри бо пул таъмин намудани як банкомат дар як рӯз чӣ қадар аст?

— Ин вобаста ба ҳаҷми ғунҷоиши банкоматҳост. Аз 100 000 то 700 000 сомониро метавон дар банкомат ҷойгир кард. Албатта, агар бо пули калон гузоранд.

— Хизматрасонии ташкилоти карзии молиявӣ дар ин марказ боз чӣ бартарӣ дорад?

— Пайвастшавӣ ба низоми пардохти миллӣ ду шакл мешавад: ё дар маркази протсессингии низоми пардохт ё тавассути маркази протсессингии худи ташкилоти карзии молиявӣ. Яъне, агар ташкилот инҳауспротсессинг дошта бошад. Айни замон чанде аз бонкҳо маркази протсессингии худро доранд. Бо вуҷуди ин, иштирокчии низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” мебошанд. Мо танзимгари ҳамин низом ҳастем ва назорат мекунем. Аммо хизматрасонии техникиро худи ташкилоти дорои маркази протсессингӣ анҷом медиҳад.

— Пас, ҳар бонк метавонад дар алоҳидагӣ маркази протсессингӣ дошта бошад?

— Бале, ба ин ҳуқуқ дорад. Аммо ташкилоте, ки шумораи ками корт дорад, барояш ин вазнин аст. Зеро нигоҳдории маркази протсессингӣ хароҷотҳои марбутаи худро дорад.

— Дар маркази шумо чанд нафар кор мекунанд?

— 27 нафар фаъолият доранд. Чор шуъба дорем: фардикунии кортҳои бонкӣ, роҳбаладии иштирокчиёни низоми пардохт, коркарди амалиёт, рушд ва ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтҳои байналмилалӣ.

— То ҷое огоҳ ҳастем, шумо кортҳои чипдори “Корти миллӣ”-ро ҳам пешниҳоди мизоҷон кардаед. Он чӣ медиҳад?

— Пеш аз ҳама, бехатарӣ. Инчунин, тавассути ҳамгироии байни низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” бо низоми миллии корти пардохтии Русия – танзимгари низоми пардохти “МИР” имконияти хизматрасонии кортҳои “Корти миллӣ” дар шабакаи шарикон, аз ҷумла дар низоми Узкарти Ӯзбекистон, Белкарти Белорус ва дигарон ба роҳ монда мешавад. Яъне, дар куҷое, ки низоми пардохти “Мир” хизматрасонӣ мешавад, кортҳои низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” кор мекунад. Дорандаи корт метавонад кортҳои ин низомҳо маблағ низ интиқол диҳад. Пештар “Корти миллӣ” танҳо дар дохили Тоҷикистон истифода мешуд. Аммо акнун он дар якчанд давлатҳо хизматрасонӣ мешавад. Яъне бо ҳамин корти миллӣ имконияти хизматрасонӣ дар Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Арманистон, Белорус ва дигар давлатҳо пайдо гардид. Маблағ ба таври автоматӣ ҳисоббарорӣ мешавад. Мизоҷ дар кадом кишваре ки бошад, асъори ҳамон кишварро мегирад. Шаҳрвандони хориҷӣ бошанд, дар Тоҷикистон асъори сомонӣ мегиранд.

— Баъзан муштариён кортро гум мекунанд ё рақами махфиро фаромӯш мекунанд. Онҳо бояд чӣ кор кунанд? Ба куҷо муроҷиат кунанд?

— Пеш аз ҳама, корт бехавф аст. Вақте ки ҳамён аз кисаатон гум шуд, дигар пайдо карда наметавонед, аммо агар корт гум шавад, пул дар суратҳисоб мемонад. Аммо мизоҷон набояд бепарво бошанд ва рақами махфиро бо корт якҷоя нигоҳ доранд. Мизоҷ бояд ба хизматрасонии смс — паём пайваст бошад, то аз амалиётҳои гузаронидашуда бохабар бошад. Вақте ки корт гум мешавад, тавассути смс — паём метавонад амалиёти корташро қатъ намояд. Ё тавассути маркази тамоси бонк амалиёти корташро боздорад. Баъдан метавонад ба бонк омада, корт ё рамзи махфиро барқарор намояд.

Ҳамзамон мо кӯшиш менамоем, ки аз ҷиҳати ҳифзи маълумот тамоми чораҳои дахлдорро татбиқ ва риоя намоем.  Гум шудани корт аз тарафи худи мизоҷ сар мезанад. Ҳоло баъзан тавассути ҳар гуна сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қаллобоне пайдо шудаанд, ки аз мизоҷ маълумот мегиранд. Масалан, мегӯянд, ки рақами кортро сурат гирифта, барояшон фиристанд. Боз CVV код ва коди тавассути смс ба телефон омадаро пурсида мегиранд. Дар ин ҳолат мизоҷон набояд ба гапи чунин қаллобон дода шаванд. Ин ҳам аз сатҳи маърифати молиявӣ вобаста аст. 

— Баъзан мардуми зиёд дар назди банкоматҳо ҷамъ шуда, барои гирифтани пул навбатпоӣ мекунанд. Онҳо аз пул надоштани банкоматҳо ҳам шиква мекунанд. Чаро? Ин мушкилӣ кай ҳал мешавад?

— Омилҳо гуногунанд. Асосан охир ва аввали моҳ дар назди банкоматҳо навбатпоӣ сурат мегирад. Зеро ҳама маоши худро мегиранд. Дар рӯзҳои дигар банкоматҳо ҳамеша пул доранд ва навбатпоӣ хам камтар ба назар мерасад. Бояд аз хизматрасониҳои фосилавӣ бештар истифода намоем, яъне тавассути замимабарномаҳо пардохтҳои гуногун ва интиқоли маблағ анҷом диҳем. Ин пеш аз ҳама сарфаи вақт аст. Яъне бе навбат 24 соат давоми рӯз метавон пардохтҳо ва дигар амалиётҳои бонкиро анҷом дод. Инчунин, зарурати нигоҳ доштани пули нақд аз байн рафта, ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ заминаи хуб мегузорад.

Мусоҳиб

Усмон РАҲИМЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.