Ноҳияи Дӯстӣ: Кӯчае ба номи сарбози кушташуда номгузорӣ мешавад

Қарор аст, ки дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон кӯча ва ё муассисае ба номи Зоир Саидмуродов, сарбози кушташудаи тоҷик гузошта шавад. Сарбози шаҳидшудаи тоҷик зодаи ноҳияи Дӯстӣ буда, моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи тирпарронии марзбонони қирғиз дар вилояти Суғд кушта шуд.

Зебо Шарифзода, муовини раиси ноҳия Дӯстӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “дар аввал тасмим гирифтем муассисаи таълимии деҳаи онҳоро ба номаш гузорем. Вале баъдан маълум шуд, ки он муассиса аллакай ба номи нафари дигаре гузошта шудааст”. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло бо супориши раиси ноҳияи Дӯстӣ гуруҳе ба омӯзиш машғул аст, то яке аз кӯчаҳои маркази маъмурии ноҳия ба номи сарбози шаҳидшудаи тоҷик гузошта шавад.

“Дар наздиктарин фурсат кӯчаи мувофиқе меёбем ва ба роҳбарият пешниҳод мекунем. Бо баргузории як маҷлиси якҷояи вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ кӯча ба номаш гузошта мешавад ва бо ҳамин абадан номаш аз ёдҳо фаромӯш намешавад”,- афзуд ҳамсуҳбатамон.

Бояд гуфт, ки Зоир Саидмуродов соли 2020 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда буд. Мутаассифона, шоми 13-уми апрели соли 2022 аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта мешавад. Ӯро 14-уми апрел дар оромгоҳе дар деҳаи Маҳрами Ҳотами ҷамоати деҳоти Ҷилликули ноҳияи Дӯстӣ ба хок супориданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *