Ноҳид Фозил-Тоҷикистон

ТАСБЕҲ

Ҳар баргу гиёҳу сабза аз хок

Бе ҳикмати Ҳақ намо надорад.

Дар дураҳаи ҷаҳони санҷиш

Ҷуз ҳастии Ҳақ бақо надорад.

Шабнам ба гувоҳи рози ҳастӣ,

Қоқу ба намои рамзи хуршед,

Олам ба нишони хоксорӣ,

Иншогари панди ишқи ҷовид,

Гум гашта ҳама туро биҷӯянд,

Тасбеҳи Худо, Худо бигӯянд.

Ҳар қатраи ашки абри ғамнок

Аз сӯзи ту дона-дона резад.

Он гуна ба сина мезанад даст,

К-аз шавқи ниҳон-ш барқ хезад.

Ку дидаи заррабини Монӣ,

Бар нақши гул оварад равоне?

Ишқ аст, ки рӯи хотири ӯ

Бар пой ситода зиндагонӣ.

Гум гашта ҳама туро биҷӯянд,

Тасбеҳи Худо, Худо бигӯянд.

Бе ёди худ офтоби хушбахт

Дар кӯраи ишқи ту гудозад.

Маҳтоб ба гирди худ шабонгаҳ

Бо ёди висол ҳола созад.

Он сӯз ба хок дода нерӯ,

З-ин синаи баҳр дар такопӯ,

Биншаста мувозинат бидоранд,

Ҳарду зи ду каффаи тарозу.

Гум гашта ҳама туро биҷӯянд,

Тасбеҳи Худо, Худо бигӯянд.

Донӣ, ки чаро ба боғ савсан,

Печида забони худ зи ҳайрат?

Ду ҳарф заданд бонги ташдид,

Бар ваҳдати ишқ буд ишорат.

То нисф набурд исми Аллоҳ,

Шуд нимаи раҳ фанои Аллоҳ.

Эй кош саҳар расад аз ин роҳ,

Созад шаби бас дароз кутоҳ.

Гум гашта ҳама туро биҷӯянд,

Тасбеҳи Худо, Худо бигӯянд.

***

Чӣ кашидам

Дар дашти алам ишқи туро оҳ кашидам,

Шаб ҳола ба даври фалаку моҳ кашидам.

Ку оби бақо, гул кунад офаткадаи хок,

Мурдоб буд обе, ки ман аз чоҳ кашидам.

Дар қоби замон акси ҷаҳон бохтамаъност,

Доман зи бари ин дару даргоҳ кашидам.

Эй исми ту дар худ ҳамаро карда таҷассум,

Ранҷам зи фалак пурс, чӣ дар роҳ кашидам.

Гуфтам ба ту арзи дили ғамнок расонам,

Дидам ки дароз аст, ба кутоҳ кашидам.

***

ДИЛ

Ман омадам, ба аҳли назар рози дил кунам,

Шиква зи ҳаҷри талхи табаҳсози дил кунам.

Андар ғарибхонаи бемеҳру бенишот

Як лаҳза аз фусуни фараҳ нози дил кунам.

Дар мезанад ба ҳар нафас аз ғояти умед,

К-оям зи хона, дар зи дарун бози дил кунам.

Узраш ниҳам ба тахти муҳаббат нишонамаш,

Сад ҷоми сидқ ораму мумтози дил кунам.

Чун хӯ накард аз раҳи созиш ба макри даҳр,

Арзад ба ваҷҳи аҷр, ки эъзози дил кунам.

Ҳар зарраи вуҷуд кунад зикри лоязол,

Ман зикри ёри хеш ба алфози дил кунам.

Тасбеҳи пошхӯрдаи истораҳои арш

Бар силки ашк чинаму пардози дил кунам.

Ин захми гунг арзи шикоят ҳамекунад,

Ку гӯши ғамниюш, ки овози дил кунам?!

***

ЯШТИ ПАНҶАКАТ

Панҷакат

Қақнуси аз хокистари худ гашта берун,

Лайлие, ки дар фанояш зода аз чашмони Маҷнун,

Эй саре, ки дар дами теғ,

Дар таҳи дор

Аз ғурури хеш бинмудӣ дифоъ.

Ҳар касе дасти тамаъ овард сӯи ту фароз,

аз бун шикаст,

Баски хокат қиблагоҳи зоду аҷдоди ман аст.

Эй ҳумоюнгоҳи таърих,

Эй ниёишгоҳи Зардушт,

Эй мазори музаи панҷоҳу понсад асру сол,

Эй нуҳуфта дар дилат асрори тору пуди ман,

Панҷакат, эй Панҷакат, эй Панҷакат,

Бастаам имони дил бар қиблагоҳат берибат!

Дар харобободи деҳшаҳри Саразм

Гӯрҳо бар шоҳидӣ муҳри даҳон бикшодаанд,

Дар гулӯи ҳар яке фарёди гунги қарнҳост.

Рӯзу шаб дар Шаҳри Куҳна[1]

Гӯиё дар қалби Саҳрои Кабир

Ҳою ҳуи бодҳо пурсакта аст.

Аз ғубори турктозии сагони сактавожа

Оташи зардуштии ман мурдааст!

Сактаҳо дар рӯзгорам,

Сактаҳо андар забонам,

Маънии Яшти Авасто

Абҷади қуфли лабонам.

Зиндагиям гушнамазмун,

Фаслҳоям ташнаоҳанг.

Гавҳари зотам

Чу алмосе ба умқи чашмае афтода беранг,

Дар шаҳодатгоҳи Мағриб

Он қадар хуршедҳоят шуд шаҳид,

Пеши чашмам

Ҳар тулӯъе з-офтобе дигар аст!

Инак, инак,

Ай куҳанмарз

Аз паси зангорҳову

аз рухи оинаи таърих

Бозтобад чеҳраи гумгаштаи ман,

Хаставу омосдор аз ҷаври сад неш.

Қудрате дорам, ки то бархезам аз пой,

Қудрате дорам, ки берун оям аз хокистари хеш!

Панҷакат, эй Панҷакат, эй Панҷакат,

Каъбаро бо исми ту маънӣ як асту мартабат![2]

Офтобат ламъаи нури Худост,

Нимамоҳат шаҳпари боли Ҳумост.

Чашмасорат –

Зодагони чашмаи чашмони сабзат

Хизрро бахшидаанд оби ҳаёт.

Шаҳри ман,

Эй зодбуми ишқи ман,

Дар паноҳи ту бувад моро наҷот.

Панҷакат, эй Панҷакат, эй Панҷакат,

Ин ҳама бас бошадам аз хоки покат мавҳибат!

***

ИШҚ МАЪБУДИ МАН АСТ

Миллати ман Башар аст,

Ватани ман Дунёст.

Дини ман Виҷдон аст,

Боқӣ, эй ҷон, руъёст.

Ишқ маъбуди ман аст,

Қиблагоҳам дили туст.

Дар забон ояи меҳр,

Сар ба по восили Дӯст.

Нузҳати чашми ту аст

Ҷилваи сабзи биҳишт.

Эй ба парвози баланд

Рафта бе дайру куништ.

Шабу бас роҳи дароз,

Дилбаре, роҳбаре.

Аз таассуб нарасид

Ҳеч пое ба даре.

Марзҳоро магузор

Садди дилҳои сапед.

Мон, зи уфқи тавҳид

Бардамад субҳи умед.

Миллати ман Башар аст,

Ватани ман Дунёст.

Дини ман Виҷдон аст,

Боқӣ, эй ҷон, руъёст.

***

ҒАЗАЛИ ЯЪС

Боз оҳи ману ин хонаи вайронаи ман,

Ку ҳисоре, ки кунад такя ба он шонаи ман?

Рӯи оинаи чашмони ҷаҳон парда кашед,

То ҳақиқат нашамад ишқ аз афсонаи ман.

Хандаи гул набарад хавфи дилам аз хораш,

Инчунин аст азизи ману ҷононаи ман.

Хатти маргам ба гаронҷониву муҳраш нигарон,

Лутф бинмо, ҳама яъс аст ба паймонаи ман.

Миннати дӯст агар кушт маро, ҷони азиз,

Кай раҳонӣ қадами хаста зи завлонаи ман?

Ин ҷаҳоне, ки сазовор ба душман бошад,

Тарк хоҳам, ки шавад боиси шукронаи ман.

[1]Шахри Куҳна – номи дигари Панҷакенти қадим, ки дар баландии шаҳр вокеъ аст.

[2]  Дар Авасто Панҷакат –Хонаи Худост.

ناهيد فاضل — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *