Ноболиғи 10-сола дар Душанбе ҳангоми идораи мошин дастгир шуд

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе зимни иҷрои вазифа дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур як ноболиғи 10-соларо барои идора кардани воситаи нақлиёт боздошт карданд.

Тавре маълум гардид, ноболиғ Амирзода М., сокини пойтахт бе иҷозати волидайн калиди мошини тамғаи “Hyundai”-ро гирифта, дар кӯчаҳои маҳаллаи Хайробод сайр мекард. Нақлиёти мазкур ба падари ӯ Амиров Фатҳулло тааллуқ доштааст.

Айни ҳол нисбат ба ҳодисаи мазкур маводҳо тартиб дода шуда, тафтиш идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *