Оғози ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар “Кохи Сомон”

Дар «Кохи Сомон» ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.

Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон иштирок доранд.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *